Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 48 млн евро барои пешгирии коронавирус кумак карданист

Иттиҳоди Аврупо ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷи ҶТ, дар ин хусус роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон рӯзи 13-уми апрел зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷи ҶТ, дар ин хусус роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон рӯзи 13-уми апрел зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишвар баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба масоили байнулмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

Қаблан дар Тоҷикистон “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” суратҳисобҳо кушода шуданд.

“Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд. Кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд”, – хабар дода буд ВКХ ҶТ.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавирус 11,3 миллион доллари ИМА медиҳад. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ ва лавозимоти гузаронидани санҷиш, инчунин омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ равона мешавад. 

Ҳамчунин Олмон ба Тоҷикистон барои харидории воситаҳои муҳофизати шахсӣ, таҷҳиҳоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиш барои мубориза бо паҳншавии коронавируси нав 1 миллион евро ҷудо кард.

Бонки осиёии рушд низ баҳри дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар грант пешниҳод кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.