Олмон ба Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 1 млн евро медиҳад

Олмон тариқи Бонки рушди Олмон (KfW) ба Тоҷикистон барои харидории воситаҳои муҳофизати шахсӣ, таҷҳиҳоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиш барои мубориза бо паҳншавии коронавируси нав 1 млн евро ҷудо кард. Сафири Олмон Андреас Протманн зимни вохӯрӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода қарори ҳукумати Олмонро дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани маблағи 1 […]

Asia-Plus

Олмон тариқи Бонки рушди Олмон (KfW) ба Тоҷикистон барои харидории воситаҳои муҳофизати шахсӣ, таҷҳиҳоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиш барои мубориза бо паҳншавии коронавируси нав 1 млн евро ҷудо кард.

Сафири Олмон Андреас Протманн зимни вохӯрӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода қарори ҳукумати Олмонро дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани маблағи 1 млн евро барои таъмини эҳтиёҷи кишвар дар мубориза бо коронавируси нав супурд.

Дар заминаи дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дар ҳамоҳангсозӣ бо намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ин маблағ харидории воситаҳои инфиродии муҳофизат, таҷҳизоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиши кормандони тиббӣ ҷиҳати истифодаи таҷҳизот пешбинӣ шудааст. Барои суръат бахшидан ба ҷараёни маблағгузорӣ пул дар доираи лоиҳаи ҷорӣ оид ба ҳифзи солимии модарону кӯдакон дар Тоҷикистон, марҳилаи 5-ум ҷудо карда шуд.

KfW бо супориши Ҳукумати Федералии Олмон аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар соҳаи тандурустӣ KfW дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ лоиҳаҳоро дар самти ҳифзи солимии модарону кӯдакон, ёрии таъҷилии тиббӣ ва мубориза бо бемории сил амалӣ месозад. Ҳаҷми умумии маблағҳое, ки бо ин мақсад аз соли 2002 ҷудо мешавад, 93 млн евро мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.