Қоҳир Расулзода роҳбари ситоди чораҳои зиддиэпидемикӣ шуд

Мутобиқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, роҳбарии он ба зиммаи сарвазир Коҳир Расулзода вогузор шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус, ки аввали моҳи январ таъсис ёфта, ба он муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Ширин […]

Мутобиқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, роҳбарии он ба зиммаи сарвазир Коҳир Расулзода вогузор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус, ки аввали моҳи январ таъсис ёфта, ба он муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Ширин Исматуллозода роҳбарӣ мекарданд, бекор карда шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, мувофиқи амри президенти Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд.

Тибқи банди дигари амр, ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ тасдиқ гардид, ки он аз роҳбарони тамоми вазорату идораҳои кишвар, котиби Шӯрои амният, прокурори генералӣ, роҳбарони  воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, инчунин роҳбарони «Барқи Тоҷик», «Тоҷикматлубот», ДДТТ ва дигарон иборат аст.

Сарвари давлат ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нав таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.

Тибқи ин амр, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки мутаносибан ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллиро барои пурзӯр кардани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.