КҲФ бо воситаҳои муҳофизат аз короновирус таъмин шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти ҶТ имрӯз, 20-уми март аз Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон воситаҳои ҳифозатӣ аз короновирус қабул кард. Тибқи иттилои КҲФ, ин воситаҳои фарогири ниқобҳои ҷарроҳӣ, дастпӯшҳои якдафъаина, собун ва маҳлули зидди бактерия мебошанд, ки қарор аст, миёни кормандони Кумита тақсим […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти ҶТ имрӯз, 20-уми март аз Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон воситаҳои ҳифозатӣ аз короновирус қабул кард.

Тибқи иттилои КҲФ, ин воситаҳои фарогири ниқобҳои ҷарроҳӣ, дастпӯшҳои якдафъаина, собун ва маҳлули зидди бактерия мебошанд, ки қарор аст, миёни кормандони Кумита тақсим карда шаванд.

Дар ин маросим раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода, сарвари Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ Ҳодӣ Ҳусайнӣ ва директори Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон Валбург Росс иштирок карданд.

Рустам Назарзода ба шарикони КҲФ барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, кумакро саривақтӣ ва гаронарзиш номид.

“Ҳамкориҳои муштараки мо ва талошҳои ҳамаҷониба дар пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон бидуни шак дар ҳалли мушкилоти бавуҷудомада кумак хоҳад кард”, – гуфт Рустам Назарзода.

Инчунин сарварони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз COVID-19 дастгирӣ мекунанд ва гуфтанд, ки ин воситаҳои ҳифозатӣ барои расонидани ёрӣ ба аҳолии ниёзманд метавонад кумак расонад.

Зикр гардид, ки ҳамин гуна кумак ба дастаҳои наҷоти КҲФ дар ВМКБ низ таҳвил дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.