Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ барои вокуниш ба таҳдиди коронавирус $11,3 млн. мегирад

Шӯрои директорони Бонки умумиҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел маблағгузории грантиро дар ҳаҷми 11,3 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои Лоиҳаи эътинои фаврӣ ба намуди нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Лоиҳаи мазкур талошу кӯшишҳои кишварро дар омодагӣ ва эътинои муассир ба хавҳои саломатии аҳолӣ ва хатарҳои иҷтимоие, ки бо пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19 (сирояти Коронавирус) […]

Иттилоияи расмӣ

Шӯрои директорони Бонки умумиҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел маблағгузории грантиро дар ҳаҷми 11,3 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои Лоиҳаи эътинои фаврӣ ба намуди нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Лоиҳаи мазкур талошу кӯшишҳои кишварро дар омодагӣ ва эътинои муассир ба хавҳои саломатии аҳолӣ ва хатарҳои иҷтимоие, ки бо пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19 (сирояти Коронавирус) алоқаманд мебошанд, дастгирӣ мекунад.

Маблағгузорӣ барои ташкили тақрибан 100 кати нави ҷиҳозонидашуда барои шуъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ (ШЭТИ) дар муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон кумак мерасонад. Ғайр аз ин, Лоиҳа ба таҳкими иқтидори низоми тандурустӣ барои муолиҷаи шахсони гирифтори намуди нави коронавируси COVID-19 равона шудааст. Маводҳои таъҷилан зарурӣ барои кумак дар ошкорсозӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19, аз он ҷумла лавозимот барои гузаронидани санҷиш, реагентҳо барои озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ барои кормандони тиб низ харидорӣ мешавад. Кормандони шуъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ оид ба нигоҳубини беморони гирифтори намуди нави коронавируси COVID-19 ва пешгирии он, аз ҷумла оид ба масоили дар ояндаи дарозмуддат расонидани кумак ба беморони вазнин, омӯзонида мешаванд.

“Бо назардошти дучор будани Тоҷикистон ба хавфи баланди пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19, кишвар бояд ба таври муносиб низоми тандурустӣ ва иҷтимоии худро барои эътинои фаврӣ ва муассир омода намояд, – мегӯяд Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. Лоиҳаи мазкур дар талошҳои кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои пешгирикунанда, муҳофизати кормандони тиббӣ ва то ҳадди имкон коҳиш додани ҳодисаҳои сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19 дар баробари расонидани кумак ба қишри аз ҳама осебпазири аҳолӣ, бахусус, кӯдакон мусоидат хоҳад кард”.

Дар доираи Лоиҳа чорабиниҳои иттилоотонӣ тавассути васоити ахбори омма ва ҷамоаҳои маҳаллӣ низ маблағгузорӣ мешаванд, то ки мардум бо маълумоти дахлдор дар бораи пандемия ва чораҳои муассири пешгирӣ ба монанди мунтазам шустани даст таъмин бошад.

Илова бар ин, бо мақсади кам кардани таъсири имконпазири пандемия ба қишри аз ҳама камбизоат ва осебпазири ҷомеа, дар доираи Лоиҳа пардохти маблағи пулии фаврӣ (трансфертҳо) маблағгузорӣ мешавад. Ин дастгирии молиявӣ дар навбати аввал ба оилаҳои дорои кӯдакони хурд, ки аз норасоии маҳсулоти озуқа азият мекашанд, дар ҳолати нотавонии онҳо дар баробари болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, пешниҳод мегардад. Ин маблағи пулӣ метавонад дар муқовимат бо афзоиши имконпазири хавфи норасоии ғизо дар байни оилаҳои дар ҳолати буҳронӣ қарордошта кумак расонад.

Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ бо тартиби фаврӣ 14 млрд. доллари ИМА-ро барои боло бурдани самаранокии тадбирҳои эътино ба намуди нави коронавируси COVID-19 дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва коҳишдиҳии вақт барои барқароршавӣ, ҷудо менамояд. Чораҳои эътино пешниҳоди маблағгузорӣ, машваратҳои стратегӣ ва дастгирии техникиро барои расонидани кӯмак ба кишварҳо дар рафъи оқибатҳои пандемия барои саломатии аҳолӣ ва иқтисодиёт, пешнибӣ мекунанд. IFC бо мақсади дастгирии ширкатҳои хусусии таҳти таъсири пандемия қарорёфта ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ 8 млрд. доллари ИМА пешниҳод мекунад. Дар марҳилаи ибтидоӣ БАТР ва АБР бо мақсади андешидани чораҳои эътино дар соҳаи тандурустӣ маблағи 6 млрд. доллари ИМА-ро ҷудо мекунанд. Замоне, ки ба кишварҳо дастгирии бештар зарур мешавад, Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 15 моҳ маблағи то 160 млрд. доллари ИМА-ро барои муҳофизати аҳолии камбизоат ва осебпазир, дастгирии ширкатҳо ва суръатбахшии барқароршавии иқтисодиёт равона мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.