Боздошти 2 зан бо гумони ташкили фоҳишахона

Сокини 22-солаи ноҳияи Рудакӣ дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ ҳамчун гумобар дастгир шудааст. Бино ба иттилои ВКД, шаби 1-уми апрел, тахминан соати 21:30 дақиқа дар назди маркази савдои «Баракат»-и пойтахт марди 35-сола ва ҷавонзани 19-солаи сокинони шаҳри Душанберо барои алоқаи ҷинсӣ бо ҳамдигар шинос карда, бар ивазаш 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Зимни баргузории […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокини 22-солаи ноҳияи Рудакӣ дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ ҳамчун гумобар дастгир шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 1-уми апрел, тахминан соати 21:30 дақиқа дар назди маркази савдои «Баракат»-и пойтахт марди 35-сола ва ҷавонзани 19-солаи сокинони шаҳри Душанберо барои алоқаи ҷинсӣ бо ҳамдигар шинос карда, бар ивазаш 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ин зан боздошт гардид. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Инчунин аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Ин зан 24-уми март дар хонаи истиқоматияш барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Спитамен ва зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.