БОР Тоҷикистонро дар муқовимат бо коронавирус дастгирӣ мекунад

Бонки осиёии рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи ҷорӣ оид ба нигоҳубини маҷмӯавии солимии модарону кӯдакон баҳри дастгирии талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус (COVID-19) дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад. Дар чаҳорчӯби ин кумаки БОР дастрас кардани лавозимоти мавриди ниёзи аввал дар ин вазъ (ниқобу дастпӯшакҳо, респиратору термосканер) ва таҷҳизоти […]

Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи ҷорӣ оид ба нигоҳубини маҷмӯавии солимии модарону кӯдакон баҳри дастгирии талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус (COVID-19) дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар грант ҷудо мекунад.

Дар чаҳорчӯби ин кумаки БОР дастрас кардани лавозимоти мавриди ниёзи аввал дар ин вазъ (ниқобу дастпӯшакҳо, респиратору термосканер) ва таҷҳизоти зарурии ташхис бо истифода аз усули фаврии харидорӣ пешбинӣ шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 4-уми марти соли равон бо дархости кумак ба БОР муроҷиат кард. То 15-уми март дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, 1566 нафар ба карантин гирифта шудаанд.

Бонки осиёии рушд бо ҳукумат, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони марбута мунтазам дар робита буда, баҳри кумак дар сурати зарурат омода аст.

Бонки осиёии рушд яке аз ташкилотҳои бузурги мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 млрд. доллар кумак кардааст, ки зиёда аз 1,3 млрд доллари он дар шакли грант дода шудааст. Ин маблағҳо ба беҳбуди зерсохтори нақлиёт ва энергетикаи кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеъаи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва савдои минтақавӣ мусоидат карданд.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба минтақаи шукуфо, ҳамгиро, ба ҳаёт тобовар ва устувор табдил додан ва аз байн бурдани қашшоқӣ аз ҳадафҳои БОР унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.