Шукурҷон Зуҳуров: “Барои ба хато роҳ додан дигар ҳуқуқ надорем”

Фардо, 17-уми март дар Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар он раиси нави палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, Шукурҷон Зуҳуров, ки тайи 10 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард, ба истеъфо меравад. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти парлумон чанде аз андешаҳояшро баён кард. […]

Фардо, 17-уми март дар Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар он раиси нави палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, Шукурҷон Зуҳуров, ки тайи 10 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард, ба истеъфо меравад.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти парлумон чанде аз андешаҳояшро баён кард.

Ӯ бар ин назар аст, ки бархе аз “шахсони назари мухолифдошта ба ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе воситаҳои ахбори хориҷӣ фаъолияти парлумони кишварро манфӣ арзёбӣ кунанд”.

“Онҳо мегӯянд, замоне фаъолият дар парлумони Тоҷикистон дар ҷӯшу хурӯш буда, акнун санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба баррасии парлумон пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат бидуни монеа қабул мешаванд ё ба истилоҳи дигар вакилон “ба маҷрои об шино мекунанд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Зуҳуров, “баҳсу ҷанҷол дар парлумон ҳеҷ гоҳ аломати вазъи солим ва фаъолияти муфид буда наметавонад”.

“Дар парлумон мавҷуд будани ахлоқу одоби зарурӣ ва эҳтироми тарафайн аз сатҳ ва самаранокии кори он гувоҳӣ дода, мавзунӣ ва мунтазамии фаъолият нишондиҳандаи фарҳанги баланд ва озодии парлумон мебошад”, – гуфт Зуҳуров.

Ба қавли ӯ, интиқодҳо нисбат ба парлумони даъвати пешинро метавон “интиқод ба имкони рушди муколамаи ҷамъиятӣ ва демократия дар кишвар унвон кард”.

“Замони начандон дур маҳз ҳамин гуна интиқоду фишороварӣ дар кишвари мо боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона шуданд. Саҳифаи фоҷиабори фаъолияти парлумони Тоҷикистон бояд барои сиёсатмадорони имрӯза ва оянда сабақ бошад”, – чунин мешуморад Зуҳуров.

Вай ҳамчунин мутмаин аст, ки “замони зиддият, бетартибиҳо, гапфурӯшӣ, душманӣ ва ҷанҷолҳои нолозим, ки бо коррупсия ва бетартибиҳо дар парлумон иртибот доштанд, бебозгашт рафтанд”.

“Парлумони касбӣ, вакилони имрӯзу ояндаи он ҳуқуқ надоранд, ки ба ин васила фазои қонунгузорӣ ва ҷараёни афкори ҳуқуқии мардумро вайрон кунанд”, – мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Зуҳуров, “ яке аз афзалиятҳои Тоҷикистон нисбат ба бархе аз кишварҳо дар шароити буҳрони ҷаҳонии чанд соли охир маҳз дар ҳамин гуна фаъолияти ҳамоҳанг ва мувофиқашудаи ҳукумат ва парлумон ифода меёбад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.