Ӯзбекистон ба шаҳрвандони дар марз дармондаи Тоҷикистон иҷозаи гузаштан дод

Яке аз муҳоҷирони дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон аз дирӯз дармонда ба хабарнигори “Азия-Плюс” шоми 16-уми март гуфт, ки марзбонони Ӯзбекистон ба онҳо иҷоза доданд, тавассути қаламрави ин кишвар то сарҳади Тоҷикистон раҳсипор шаванд. “Наздики бегоҳ бароямон иҷозаи гузаштанро доданд. Ҳоло мошинҳо бо навбат аз сарҳад мегузаранд. Аллакай нисфашон равон шуданд. Умед дорем, ба ҳама иҷозат мешавад ва мо роҳамонро ба сӯйи Ватан […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Яке аз муҳоҷирони дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон аз дирӯз дармонда ба хабарнигори “Азия-Плюс” шоми 16-уми март гуфт, ки марзбонони Ӯзбекистон ба онҳо иҷоза доданд, тавассути қаламрави ин кишвар то сарҳади Тоҷикистон раҳсипор шаванд.

“Наздики бегоҳ бароямон иҷозаи гузаштанро доданд. Ҳоло мошинҳо бо навбат аз сарҳад мегузаранд. Аллакай нисфашон равон шуданд. Умед дорем, ба ҳама иҷозат мешавад ва мо роҳамонро ба сӯйи Ватан давом медиҳем”, – гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” модари як донишҷӯдухтари тоҷик, ки дар он минтақаи марзӣ буд, тасдиқ кард. Ин модар мегӯяд: “Як соат пеш духтарам бо 2 донишҷӯйи ҳамроҳаш хабар доданд, ки ба гузаштани онҳо иҷозат шудааст”.

Вай афзуд: “Онҳо аз Бишкек савори автобус то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон омадаанд. Автобус онҳоро дар он ҷо партофта, рафтааст. Акнун онҳо маҷбуранд, ки бо таксиҳои ӯзбекистонӣ то сарҳади Тоҷикистон ва аз он ҷо ба хона биёянд”.

Муроҷиати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ имрӯз дар робита ба ҷорӣ шудани маҳдудияти вуруд ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон як муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон нашр кардааст:

Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), маҳдудияти ворид шудан ба хоки он ду кишвар ҷорӣ гардид.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла, сафарҳои транзитӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Хотиррасон мекунем, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15.

Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929

E-mail: [email protected]

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато

Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16.

Тел: 8107 (3272) 69 70 59, +77 77 588 3115

E-mail: [email protected]

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Қаҳҳор, 61.

Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13

E-mail: [email protected]

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.