Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе имрӯз иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати нав ба кор шурӯъ карда, дар он раиси нави палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.7282 сомонӣ; 1 евро – 10.8362 сомонӣ;                      1 […]

АНОНС

– Дар Душанбе имрӯз иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати нав ба кор шурӯъ карда, дар он раиси нави палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.7282 сомонӣ;

1 евро – 10.8362 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1295 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1991 — Дар раъйпурсии умумииттифоқӣ аз чор се ҳиссаи овоздиҳандагон ба ҷонибдории боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд. Худи ҳамон сол ИҶШС пош хӯрд.

2007 — Президенти ҶТ дар бораи ифтитоҳи сафоратҳои Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷопон, ҳамчунин Консулгарии генералии ҶТ дар Дубай (АМА) фармон имзо кард.

2009 — Дар Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ таъсис дода шуд.

2015 — Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон дар паҳлӯи Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ оғоз бахшид.

1910 — Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола сешанбеи сеюми моҳи март Рӯзи умумиҷаҳонии кори иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад, ки вазифаи асосиаш таъмини сатҳ ва сифати муайяни ҳаёти шаҳрвандон тавассути татбиқи низоми тадбирҳои дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯз дар Ирландия Рӯзи Патрики муқаддас ҷашн гирифта мешавад.

17 марти соли 1816 киштии «Элиза» аз бандари начандон бузурги англисии Нюхейвен (80 километрии ҷануби Лондон) ба сафар баромада, рӯзи дигар дар истгоҳи Гавр таваққуф кард. Ба ин тариқ нахустин киштие дар таърих шуд, ки Ла-Манш гулӯгоҳи байни соҳилҳои Фаронса ва ҷазираи Британияи Кабирро тай кард.

159 сол муқаддам муттаҳидшавии Италия ба давлати ягона ба итмом расид – заминҳои ҷануб ва шимоли кишвар қаламрави ягона шуданд.

Дар ин соли 1941 дар Вашингтон Галереяи милии рассомӣ боз шуд, ки онро соли 1937 бонкдори амрикоӣ, саноатчӣ ва сарпараст Эндрю Уилям Меллон таъсис дод. Ин Галереяи миллии рассомӣ ё Галереяи миллии ҳунар имрӯз ба сафи доротарин ва ҳамзамон осорхонаҳои ҷавонтарини дунё дохил мешавад.

ОБУҲАВО

Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 19+24 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 9+14° гарм, рӯзона 20+25° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11° гарм, рӯзона 15+20° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 20+25° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -1+4°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 22+24° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 21+23° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 10+12° гарм, рӯзона 23+25° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.