Равуои қатораҳо байни Тоҷикистону Русия боздошта шуд

Русия равуои ҳама навъи қатораҳоро ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қазоқистон муваққатан манъ кард. Дар торнамои Российские железные дороги (РЖД, Роҳҳои оҳани Русия) қайд мешавад, ки иртиботи роҳи оҳан бо Тоҷикистон бинобар маҳдуд шудани убури сарҳади Қазоқистон, ки ҳамаи хатсайрҳои роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия бо он мегузаранд, муваққатан боздошта мешавад. “Дар қатораҳое, ки тариқи транзит қаламрави […]

Русия равуои ҳама навъи қатораҳоро ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қазоқистон муваққатан манъ кард.

Дар торнамои Российские железные дороги (РЖД, Роҳҳои оҳани Русия) қайд мешавад, ки иртиботи роҳи оҳан бо Тоҷикистон бинобар маҳдуд шудани убури сарҳади Қазоқистон, ки ҳамаи хатсайрҳои роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия бо он мегузаранд, муваққатан боздошта мешавад.

“Дар қатораҳое, ки тариқи транзит қаламрави Қазоқистонро убур мекунанд, маъмулан шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба хонаҳояшон бармегарданд ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки аз Қазоқистон берун мераванд, сафар карда метавонанд. Равуои қатора байни Русия ва Тоҷикистон барои шаҳрвандоне, ки дар Қазоқистон хешовандони наздик ё санади иҷозаи зист дар ин кишварро надоранд, ғайриимкон аст”, – омадааст дар хабар.

Дар бораи кай барқарор шудани равуои қатораҳо бо ин хатсайр маълумот дода нашудааст, лекин РЖД ваъда додааст, ки доир ба тағйирот дар ҷадвали ҳаракати қатораҳо вобаста ба маҳдудиятҳо иловатан хабар медиҳад.

Бар асари коронавирус Русия равуои қатораҳоро бо Қирғизистон, Чин, Австрия, Олмон, Италия, Кореяи Шимолӣ, Латвия, Муғулистон, Молдова, Украина, Фаронса, Чехия низ муваққатан қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.