Ниммарафони байнулмилалӣ дар рӯзи пойтахт баргузор намешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ниммарафони байнулмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба рӯзи пойтахт гузаронида мешуд, ин навбат доир намегардад.

Дар ин бора масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19, ки беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст, Кумитаи тадорукоти ниммарафони Душанбе тасмим гирифт, ин мусобиқа имсол баргузор нашавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад ва соли 2014 ба рӯйхати мусобиқаҳои дави Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ ворид шуд. Ҳар сол дар ин мусобиқа давандҳои беш аз 15 кишвар иштирок мекарданд.

Бемории коронавирус, ки ба ҳолати 14-уми апрел наздики ду миллион нафар дар беш аз 200 кишвар ба он гирифтор шудаанд, дар тақвими чорабиниҳои варзишии ҷаҳон тағйироти чашмрас ворид кард. Бозиҳои олимпии Токио, ки бояд тобистони имсол баргузор мешуд, ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд.

Аз аввали моҳи апрел бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба таъхир афтоданд. Аз ҷумла, варзиши сабуки ҷаҳонӣ муҳлати системаи интихобии олимпиро аз 6-уми апрел то 1-уми декабри соли 2020 боздошт. Натиҷаҳои дар ин муддат бадастомада дар ҳама гуна мусобиқаҳо ҳамчун меъёр барои соҳиб шудани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ҳисобида намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.