Ниммарафони байнулмилалӣ дар рӯзи пойтахт баргузор намешавад

Ниммарафони байнулмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба рӯзи пойтахт гузаронида мешуд, ин навбат доир намегардад. Дар ин бора масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19, ки беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст, Кумитаи тадорукоти ниммарафони Душанбе тасмим гирифт, ин […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ниммарафони байнулмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба рӯзи пойтахт гузаронида мешуд, ин навбат доир намегардад.

Дар ин бора масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19, ки беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст, Кумитаи тадорукоти ниммарафони Душанбе тасмим гирифт, ин мусобиқа имсол баргузор нашавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад ва соли 2014 ба рӯйхати мусобиқаҳои дави Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ ворид шуд. Ҳар сол дар ин мусобиқа давандҳои беш аз 15 кишвар иштирок мекарданд.

Бемории коронавирус, ки ба ҳолати 14-уми апрел наздики ду миллион нафар дар беш аз 200 кишвар ба он гирифтор шудаанд, дар тақвими чорабиниҳои варзишии ҷаҳон тағйироти чашмрас ворид кард. Бозиҳои олимпии Токио, ки бояд тобистони имсол баргузор мешуд, ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд.

Аз аввали моҳи апрел бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба таъхир афтоданд. Аз ҷумла, варзиши сабуки ҷаҳонӣ муҳлати системаи интихобии олимпиро аз 6-уми апрел то 1-уми декабри соли 2020 боздошт. Натиҷаҳои дар ин муддат бадастомада дар ҳама гуна мусобиқаҳо ҳамчун меъёр барои соҳиб шудани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ҳисобида намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.