“Бонки Эсхата” бо 100 ҳазор сомонӣ барои табибон либоси махсус харид

Asia-Plus

Кумаки мазкур ба беморхонаву дармонгоҳ, шуъбаҳои ёрии таъҷилии шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Бохтар, инчунин беморхонаҳои як қатор ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон расонида шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз “Бонки Эсхата” хабар доданд, намояндагони бонк ҳамроҳи кормандони Бунёди хайрияи “Ормон” аз марказҳои мазкури қабули беморони COVID-19 боздид намуда, воситаҳои муҳофизати инфиродиро ба духтурон тақдим карданд.

“Табибони мо ҷони худро ба хатар гузошта, дур аз наздикону пайвандон шабонарӯзӣ бо ин беморӣ муқовимат доранд ва ҳамаҷониба талош меварзанд, ки беморон худро зери ҳимоя ҳис кунанду ба ҳаросу воҳима наафтанд ва ҳамроҳи онҳо барои ҳаёти худ мубориза баранд. Аз ин рӯ, ба онҳо арзи сипоси беандоза баён намуда, самимона орзу мекунем, ки низоми тандурустӣ ба ин беморӣ ғолиб ояд. Таманнои онро дорем, ки ҳарчи зудтар табибону беморон ба ҳаёти пешина, назди аҳли оилаи худ баргарданд”, – қайд кард сардори шуъбаи маркетинг Маъруфҷон Латифов.

Табибону ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббие, ки ба онҳо кумак расид, ба “Бонки Эсхата” ва Бунёди “Ормон” барои дастгирӣ самимона изҳори миннатдорӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...