“Бонки Эсхата” бо 100 ҳазор сомонӣ барои табибон либоси махсус харид

Кумаки мазкур ба беморхонаву дармонгоҳ, шуъбаҳои ёрии таъҷилии шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Бохтар, инчунин беморхонаҳои як қатор ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон расонида шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз “Бонки Эсхата” хабар доданд, намояндагони бонк ҳамроҳи кормандони Бунёди хайрияи “Ормон” аз марказҳои мазкури қабули беморони COVID-19 боздид намуда, воситаҳои муҳофизати инфиродиро ба духтурон тақдим карданд. “Табибони мо […]

asia+, asia+

Кумаки мазкур ба беморхонаву дармонгоҳ, шуъбаҳои ёрии таъҷилии шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Бохтар, инчунин беморхонаҳои як қатор ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон расонида шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз “Бонки Эсхата” хабар доданд, намояндагони бонк ҳамроҳи кормандони Бунёди хайрияи “Ормон” аз марказҳои мазкури қабули беморони COVID-19 боздид намуда, воситаҳои муҳофизати инфиродиро ба духтурон тақдим карданд.

“Табибони мо ҷони худро ба хатар гузошта, дур аз наздикону пайвандон шабонарӯзӣ бо ин беморӣ муқовимат доранд ва ҳамаҷониба талош меварзанд, ки беморон худро зери ҳимоя ҳис кунанду ба ҳаросу воҳима наафтанд ва ҳамроҳи онҳо барои ҳаёти худ мубориза баранд. Аз ин рӯ, ба онҳо арзи сипоси беандоза баён намуда, самимона орзу мекунем, ки низоми тандурустӣ ба ин беморӣ ғолиб ояд. Таманнои онро дорем, ки ҳарчи зудтар табибону беморон ба ҳаёти пешина, назди аҳли оилаи худ баргарданд”, – қайд кард сардори шуъбаи маркетинг Маъруфҷон Латифов.

Табибону ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббие, ки ба онҳо кумак расид, ба “Бонки Эсхата” ва Бунёди “Ормон” барои дастгирӣ самимона изҳори миннатдорӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.