#asiaplus4tajikistan: Кумаки хонандагони “Азия-Плюс” то Файзободу Рӯдакӣ ва Роғун расид

Asia-Plus

Дар доираи иқдоми “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” оид ба ҷамъоварии маблағ барои дастгирии ҳайати кормандони тибби тавассути “Азия-Плюс” ба беморхонаи ноҳияи Файзобод кумак расонида шуд.

Онро шахсан ихтиёриён (ризокорон)-и иқдом – роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев ва Искандар Икромӣ бурданд.

Ба беморхона 50 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (корҷома, айнак, респиратор, бахилҳо), 60 литр анстисептик, 200 ниқоб, чой, қанд, печенйе ва собун ба маблағи 1230 сомонӣ аз Шабакаи савдои “Пайкар” (ташаккур ба Tohir Bokiev барои дастгирии доимии иқдом) расонда шуд.

Ғайр аз ин, рӯзи 3 июн ба беморхонаи ёрии таъҷилии ноҳияи Рӯдакӣ 30 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (корҷома, дастпӯшак, айнак, респиратор), 50 дона собун, 70 дона маҳлул ва 30 литр антисептик оварда шуд.

Беморхонаи шаҳри Роғун бо 30 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ( корҷома, айнак, респиратор, дастпӯшак, бахил), ки 15-тоашро ширкати Tcell дод, 50 литр антисептик, 1000 дастпӯшак ва 100 ниқоб таъмин шуд.

Худи ҳамин рӯз 20 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, 200 дастпӯшак, 40 респиратор ба Қарияи Боло дода шуд.

Ҳамчунин 28 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (корҷома, респиратор, айнаку дастпӯшак) ва 20 литр антисептик ба Марказҳои саломатии №№15 ва 13 шаҳр дода шуда, боз 10 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ба беморхонаи шаҳри Бохтар расонда шуд.

“Муддати ин рӯзҳо мо батамом ба харидориву расонидани чизҳои зикршуда машғул будем. Ҳамаи ин ба туфайли кумаки шумо имконпазир гардид, – навиштааст да саҳифаи худ дар Facebook Наврӯз Одинаев. – Вазъ воқеан ҳам беҳтар шуда истодааст. Беморон кам мешаванд. Лекин ин набояд барои нодида гирифтани тавсияҳои духтурон баҳона шавад. Нигоҳ доштани масофаи байни ҳамдигар, ниқоб доштан дар дохили биноҳо, бе зарурат тарк накардани манзилро риоя кардан лозим аст”.

Сипоси беандоза ба ҳама барои дастгирии иқдоми “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!”.

То ин дам суратҳисоби мо 15 059,20 сомонӣ маблағ дорад. Ба фаъолият идома медиҳем.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)

PayPal[email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...