Мақомоти Тоҷикистон: “Билети ҳавопаймо нахаред, алоқаи ҳавоӣ ҳоло барқарор нашудааст”

Алоқа танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи марбут ба COVID-19 ва эълони расмии он аз ҷониби мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ барқарор мешавад. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо ҳоло барқарор нашуда, то ба эътидол омадани вазъ баста боқӣ мемонад. “Ин хабарҳо асос надоранд. Алоқаи мантазами […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Алоқа танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи марбут ба COVID-19 ва эълони расмии он аз ҷониби мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ барқарор мешавад.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо ҳоло барқарор нашуда, то ба эътидол омадани вазъ баста боқӣ мемонад.

“Ин хабарҳо асос надоранд. Алоқаи мантазами ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи марбут ба COVID-19 ва эълони расмии он аз ҷониби мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ барқарор мешавад”, – қайд мешавад дар изҳороти Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

Дар ин робита Агентӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба маълумоти носаҳеҳ бовар накарда, то эълони расмии барқарор шудани парвоз дар хатсайрҳо билет нахаранд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ қатъи алоқаи ҳавоиро аз 27 март аз/ба Русия хотиррасон намуда, ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия медиҳад, ки ба хатсайрҳои мунтазам аз Тоҷикистон ба Русия билет нагиранд.

“Сафорати Русия дар Тоҷикистон боисрор тавсия медиҳад, ки то замони барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки ба номгӯи хатсайрҳои зикршудаи “баровардан” дохил нашудаанд, билет нахаред”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки дар сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ва «ЮтЭйр»-и Русия дар бораи фурӯши билетҳои хатсайри Маскав – Душанбе ва бозгашт шурӯъ аз 30 июн маълумот нашр шуд.

Хабари нашршуда дар ин бора вокуниши зиёд ба бор овард. Чанде аз корбарон изҳори норозигӣ карданд, ки ин хабар бардурӯғ буда, бархе зикр карданд, ки аллакай барои рӯзи 8 июл билет харидаанд.

“Имрӯз ба ман як шиносам аз Питер занг зад, ӯ барои рӯзи 8 июли соли 2020 билет гирифтааст”, – навиштааст Раъно Самадова.

Ба ақидаи бархе аз дигар корбарон, дар ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ то муътадил шудани вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар шитоб набояд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.