Эҳтимоли сел дар маҳалҳо бо сабаби болоравии ҳарорат

Шабонарӯзи наздик бо сабаби боқӣ мондани вазъи баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимолияти ба вуҷуд омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта дар назар аст. Тавре Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои наздик ҳарорат дар вилояти Суғ то 35-40 ва Хатлон – то 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат то 39 […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи наздик бо сабаби боқӣ мондани вазъи баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимолияти ба вуҷуд омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта дар назар аст.

Тавре Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои наздик ҳарорат дар вилояти Суғ то 35-40 ва Хатлон – то 37-42 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат то 39 дараҷа, дар ғарби ВМКБ рӯзона 24-29 ва дар шарқи вилоят 12-17 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.

Дар ин рӯзҳо обуҳаво инчунин абрноку тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар шаҳри Душанбе ҳарорат рӯзона то ба 37-39 дараҷа гармӣ мерасад.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки рӯзҳои 4-7 июн дар Тоҷикистон шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00  таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид.

Гуфта мешавад, баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.

“Ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконатонро эмин нигоҳ доред”, – тавсия медиҳанд обуҳавошиносон ба шаҳрвандон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.