Вазорат: Барои таъмини мактабҳо бо антисептикҳо аз омӯзгорон пул намегиранд

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо оғози соли нави хониш ҳамаи мактабҳо бояд ба таври кофӣ бо ниқоб, маҳулулҳои антисептикӣ, оби тоза ва собун таъмин бошанд. Лекин дар қарори Вазорат зикр намешавад, ки кӣ бояд маблағи хариди ин воситаҳои муҳофизатиро пардохт намояд. Мо кӯшиш кардем, ки дар ин бора огаҳӣ пайдо кунем.

Сармутахассиси Раёсати Вазорат Ҷалолиддин Амиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки барои таъмини мактабҳо бо воситаҳои муҳофизатӣ аз маоши омӯзгорон ягон тин боздошта намешавад.

“Дар бисёре аз мактабҳо ҳанӯз моҳи апрел дар дарсҳои меҳнат ба дӯхтани ниқобҳо оғоз карда, аз ин рӯ, ҳоло мактабҳо захира доранд. Соли нави хониш низ чунин таҷриба идома меёбад”, – қайд кард Амиров.

Ба гуфтаи ӯ, маҳлулҳои антисептикӣ, хлор ва собунро худи мактабҳо аз суратҳисоби махсусашон харида, инчунин тоҷирони маҳаллӣ низ дар ин кор ба мактабҳои худ кумак хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи апрел дар робита ба пандемияи Covid-19 толибилмони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба таътил баромаданд. Бо ишора ба муътадил шудан вазъ, Вазорати маориф тасмим гирифт, ки соли нави хонишро аз 17 август оғоз мекунад.

“Мо ҳамчунин аз кумитаҳои падару модарон хоҳиш мекунем, ки дар ин кор фаъол бошанд, лекин омӯзгоронро ҷалб намекунем”, – изҳор дошт номбурда.

Вазорат итминон дод, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳамаи тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус риоя хоҳанд шуд.

Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба оӯози соли нави хониш омодаанд. Имсол тартиби хониш ба куллӣ фарқ хоҳад кард: дар даромадгоҳ қолинчаҳои безараргардонӣ партофта шудааст, навбатдорон ҳарорати кӯдаконро санҷида дастонашонро поккорӣ мекунанд ва ба онҳо ниқоб медиҳанд. Дар долонҳо барои риояи масофа хатҳои уфуқӣ кашидаанд: кӯдакон бояд дар масофаи 1,5 метр аз ҳамдигар гаштугузор кунанд ва қатъиян бо самтҳои муайяншуда гузаранд.

Тибқи қоидаҳои нав масофа байни мизҳо бояд на камтар аз 1 метр бошад. Кӯдакон сари мизҳо якнафарӣ шинонида мешаванд.

Хабарнигорони мо дар яке аз мактабҳо дар ин бора гузориши видеоӣ омода карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...