Таҳияи Кодекси нави андоз бо имтиёзоти зиёд барои тиҷорат

Таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав қариб пурра ба анҷом расида, он ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад. Тавре Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лоиҳаи Кодекс аз ҷониби гурӯҳи кории назди Вазорати молияи кишвар бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ омода шудааст. Дар Кумитаи андоз қайд мекунанд, ки ваъи суратгирифта вобаста ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав қариб пурра ба анҷом расида, он ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад.

Тавре Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лоиҳаи Кодекс аз ҷониби гурӯҳи кории назди Вазорати молияи кишвар бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ омода шудааст.

Дар Кумитаи андоз қайд мекунанд, ки ваъи суратгирифта вобаста ба пандемияи коронавирус таҳияи санадро як муддате ба таъхир андохт.

Таъкид шуд, ки дар лоиҳаи Кодекси нав барои тиҷорат, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ имтиёзоти зиёд пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки ҳоло дар бораи тағйироти мушаххас дар қонунгузории андоз чизе гуфта наметавонанд, чунки то ҳол варианти ниҳоии лоиҳаи Кодекси нави андозро дар даст надоранд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала дастур дод, ки лоиҳаи нави Кодекси андоз бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони кишвар таҳия карда шавад.

Моҳи феврали соли равон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба журналистон хабар дод, ки Кодекси нави андоз бояд то моҳи сентябри ҳамин сол мавриди амал қарор гирад, то ки бар асоси он сохторҳои дахлдор буҷети соли 2021-ро таҳия намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Кодекси ҳозираи андози Тоҷикистон ҳамагӣ 6 сол амал карда, 1 январи соли 2013 қабул шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.