Ронандагони автомашинаҳои гаронарзиш бештар қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд

Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 14 ронандаи автомашинаи гаронарзишро барои хунукназарӣ зоҳир намудан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт намуданд. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои назоратӣ дар роҳҳои марказии пойтахт муайян карда шуд, ки аксари ронандагоне, ки ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 14 ронандаи автомашинаи гаронарзишро барои хунукназарӣ зоҳир намудан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои назоратӣ дар роҳҳои марказии пойтахт муайян карда шуд, ки аксари ронандагоне, ки ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ мебошанд.

“Ронандагон Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври дағалона вайрон намуда, автомашинаҳои худро дар қатори дуюму сеюм ва муқобили самт беназорат гузоштаанд, ки аз як ҷиҳат боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт гардида, аз ҷониби дигар, сабаби норозигии шаҳрвандон ва муроҷиати онҳо ба мақомоти милитсия гардидааст”.

Гуфта мешавад, ронандагони автомашинаҳои мазкур ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Ронандагони ин воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.