Кумитаи андоз қарздорони асосии худро номбар кард

Дар Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон қайд мекунанд, ки аз ҳама зиёдтар неругоҳи “Сангтӯда-1” аз андоз қарздор аст, ки маблағи он 65 млн сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин байни қарздорони нисбатан калон аз пардохти андоз корхонаву ширкатҳои зерин номбар шудаанд: «Талко флюрит»  – 27 млн сомонӣ; «Талко ресурс» – 13 млн сомонӣ; ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон қайд мекунанд, ки аз ҳама зиёдтар неругоҳи “Сангтӯда-1” аз андоз қарздор аст, ки маблағи он 65 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин байни қарздорони нисбатан калон аз пардохти андоз корхонаву ширкатҳои зерин номбар шудаанд:

«Талко флюрит»  – 27 млн сомонӣ;

«Талко ресурс» – 13 млн сомонӣ;

ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» – 12 млн сомонӣ;,

ШСХК «Барқи тоҷик» – 11,6 млн сомонӣ;

ҶСК «Тоҷиктелеком» – 9,3 млн сомонӣ.

Бино ба маълумоти Кумита, бақияи қарз аз рӯйи пардохти андоз ба ҳолати 1 июли соли равон 997 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали сол 417 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар Кумита таъкид мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми қарз аз пардохти андоз аз ҳисоби корхонаҳои бузурги кишвар ба вуҷуд омадааст.

Қобили зикр аст, ки нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи аввал 7,1% камтар иҷро шуд.

Ба ин тариқ, ба буҷет аз нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии андоз 372,5 млн сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио