“Дарси сулҳ” аз Эмомалӣ Раҳмон. Президент дар бораи коронавирус ва субот сухан гуфт

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар яке аз мактабҳои пойтахт Дарси сулҳ гузаронида, сипас дар маҷлисгоҳи ин муассисаи нав назди аъзои ҳукумат, намояндагони соҳаи маориф, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ суханронӣ кард.

ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС

“Соли таҳсили имсола бо сабаби пандемияи коронавирус пештар оғоз гардид. Бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил низ дароз карда шуд”, – қайд кард сарвари давлат.

“Дар натиҷаи саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ шиддати беморӣ хеле паст шуд ва имрӯз дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои таълимгирандагон боз гардид, – таъкид дошт президент. – Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбир, яъне таътили тӯлонӣ мо тавонистем, ки саломатии наврасону ҷавонон ва устодони онҳоро аз ин беморӣ эмин дорем”.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

ДОИР БА СУЛҲ

“Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.

Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.

Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.

Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон то оғози паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 250 миллион нафар кӯдакон аз имконияти рафтан ба мактаб маҳрум буданд.

Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд.

Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад”, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...