Фотофейкҳои машҳур, ки бештари одамон бовар карданд ҳақиқат аст

Аксҳое, ки шуморо ба гиря кардан, хандидан, ҳайронӣ ё нафрат водор мекунанд, на ҳамеша ҳақиқат доранд. Баъзе суратҳои “фейкӣ” бе иртибот бо заминаи воқеӣ ва қисми дигарашон пас аз тағйирот дар барномаҳои махсус паҳн карда мешаванд. Созандагон суратҳои “фейкӣ”- ро чунон моҳирона тағйир медиҳанд, ки шинохтани онҳо бисёр мушкил мешавад. Мо чанде аз маъруфтарин аксҳои […]

Се нуқта

Аксҳое, ки шуморо ба гиря кардан, хандидан, ҳайронӣ ё нафрат водор мекунанд, на ҳамеша ҳақиқат доранд.

Баъзе суратҳои “фейкӣ” бе иртибот бо заминаи воқеӣ ва қисми дигарашон пас аз тағйирот дар барномаҳои махсус паҳн карда мешаванд. Созандагон суратҳои “фейкӣ”- ро чунон моҳирона тағйир медиҳанд, ки шинохтани онҳо бисёр мушкил мешавад. Мо чанде аз маъруфтарин аксҳои “фейкӣ”- ро, ки бештари одамон бовар карданд ҳақиқат аст, ин ҷо ҷамъ овардем.

Чӣ хел сурати “фейкӣ” – ро тафтиш кардан мумкин?

Аксҳои қалбакӣ яке аз намудҳои маъмултарини “фейк” дар Интернет аст. Онҳоро чӣ хел шинохтан мумкин?
Роҳи осонтарини санҷиши аксҳои шубҳанок ин ҷустуҷӯи баръакс аст.

Ин имкониятро бисёр захираҳои онлайнӣ (Who stole my pictures, Tineye) ва системаҳои ҷустуҷӯии Google ва Yandex пешниҳод мекунанд. Дар Google.Pictures ё Yandex.Images, шумо метавонед линки тасвирро гузоред, суратро аз компютери худ боргирӣ кунед ва аксҳои ба он монандро ҷустуҷӯ кунед. Дар баъзе браузерҳо ин кор боз ҳам осонтар шудааст: масалан, дар Chrome танҳо бо пахш кардани тугмаи рости муш болои тасвир метавон аз замимаи "ин тасвирро пайдо кунед" ("найти это изображение") интихоб кунед.

Муайян кардани нусхаи асл дар байни дигар расмҳои ёфтшуда душвор нест: он одатан сифати баландтар дорад ва аз нусхаҳо калонтар аст. Аз аксҳои аслӣ фаҳмида метавонед, ки он кай ва дар куҷо нашр шудааст. Ин хеле муҳим аст, зеро аксар вақт аксҳои кӯҳна аз ҳодисаю воқеоти дигар чун сурати нав бо матни тамоман дигар пахш карда мешаванд.

Аксҳои қалбакӣ аз худ дарак медиҳанд

Барои шинохтани сурати қалбакӣ, аксар вақт кофӣ аст ба ҷузъиёти он нигаред: сояҳо, инъикосҳо, таносубҳо ва равшании унсурҳои гуногун. Ҳамааш хуб аст? Аз рӯи рақами мошинҳо, лавҳаҳои дӯконҳо, номҳои кӯча, ки ба сурат афтодаанд, шумо метавонед кишвар ва шаҳрро аз рӯйи акс метавонед муайян кунед. Агар дар акс сурати биноҳои ғайриоддӣ мавҷуд бошанд, ҷойгиршавии онҳоро дар харитаҳо бо манзараи панорамикӣ санҷед.
Азназаргузаронии пешгӯии обуҳавосанҷон дар ҷойи муайян ба фаҳмидани дар куҷо рӯй додани ҳодисаи аксгирифташуда кӯмак мекунад. Агар дар макони ҳодисаи гуфташуда тобистон асту офтоби сӯзон боли сар, аммо дар аксҳо борон меборад ва одамон бо либоси ғафс гаштугузор мекунанд, шумо набояд ба расм бовар кунед.

Photoshop шудааст ё не

Агар асли сурат аз манбаъҳои дигар ёфт нашуд ва дар расм ягон ҷузъиёти ғайриоддӣ нест, шумо метавонед аксро тавассути Findexif или FotoForensics тафтиш кунед. Ин барномаҳоро дар компютер насб кардан лозим нест, онҳо ба таври онлайн дастрас буда гирифтани линки онҳо кифоя аст. Пас аз боргирии акс нишонаҳои тағйири акс пайдо мешаванд – ин захираҳо шумораи қабатҳои тасвирро муайян мекунанд ва шумо мефаҳмед, ки то куҷо акс тавассути барномаҳои гуногун тағйир дода шудааст.

Ҳамчунин дигар барномаҳои ёрирасоне ҳастанд, ки дар шинохтани сурати “фейкӣ” ба шумо кумак мекунанд. Дар бораи ин барномаҳо дар маводҳои оянда маълумот медиҳем.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.