Саҳми бахши хусусӣ дар беҳбуди муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон

tojiki

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 26 декабри соли 2019 рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои савдо ва хизматрасониро дар се самт – ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо муайян намуд.

Соддагардонии расмиёти савдо вазифаи калидӣ баҳри таъмини муҳити мусоиди корӣ ва ифтитоҳи имконоти нави муомилоти моли хориҷӣ мебошад. Беҳбуди шаффофият, пешгӯйишаванда будан ва самаранокии анҷоми расмиёти савдо ба коњиш додани хароҷот дар тиҷорат, бозистии зиёд дар сарҳад ва баланд шудани рақобатпазирӣ дар пешбурди тиҷорат мусоидат менамояд.

Бо мақсади тақвияти корҳо оид ба соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла афзоиши имконоти содиротии кишвар, аз 24 декабри соли 2016  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо” қарор қабул кард, ки фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мавриди мусоидат ба соддагардонӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ба меъёрҳо мутобиқгардонии расмиёти савдои хориҷӣ, инчунин њамоњангсозии манфиатҳои давлат ва бахши хусусӣ дар ин соҳа равона мегардад.

Ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) аз намояндагони вазорату идораҳо, ки дар танзим ва назорати амалиёти савдои хориҷӣ иштирок мекунанд, инчунин ташкилоту корхонаҳо ва бахши хусусї сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияташон ба амалисозии савдои хориҷӣ вобаста аст иборат мебошад. Раиси КҲСРС Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ташкили фаъолият ва омодагӣ ба ҷаласаҳои онро Котиботи доимоамалкунандаи КЊСРС таъмин мекунад.

Ҷаласаҳои КҲСРС мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда на камтар аз як маротиба дар се моҳ баргузор карда шуда, зимни зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатӣ даъват карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар муддати фаъолияти сесола ба ҷуз ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ, даҳ ҷаласа гузаронида шуд. Дар ҷаласаҳо 24 аъзои КҲСРС, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, инчунин 12 нафар намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои тоҷирон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳамчунин дар вохӯриҳои мазкур мунтазам намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз љумла Маркази байналмилалии савдо, дафтари кории Барномаи рушди СММ, Дафтари корӣ оид ба ҳамкории Швейтсария, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ,  Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки осиёии рушд, Созмони амият ва ҳамкорї дар Аврупо ва ғайра ширкат меварзанд.

Қайд кардан зарур аст, ки бо фаъолияти пурсамари вазорату идораҳо (аъзои Кумита) бо мақсади соддагардонии расмиёти савдо ва афзоиши содирот, як қатор чорабиниҳо ба иҷро расиданд, аз ҷумла таҳия ва роҳандозии “долонҳои сабз” барои маҳсулоти зудвайроншаванда аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мавриди амал қарор гирифтани ислоҳот дар доираи Созишномаи Созмони Умумиљањонии Савдо (СУС) оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва дар чаҳорчӯби қарори Ҳукумати кишвар оид ба кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ.

Дар натиҷаи роҳандозии ислоҳот Ҷумҳурии Тољикистон рейтинги худро дар нишондиҳандаи “Савдо ба воситаи сарҳад” аз мавқеи 188-ум дар соли 2015 ба мавқеи 141-ум дар соли 2020 беҳтар намуд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон яке аз 10 кишвари беҳтарини ислоҳотгаро дар ҷаҳон мутобиқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2020 номида шуд.

Иштироки бахши хусусӣ дар кори Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо зарур аст, то ки талабот ва манфиатҳои тиҷорат зимни амалисозии ислоҳоти дар Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи маъмурӣ таъмин ва ба инобат гирифта шаванд. Созишномаи мазкур аз ҷониби аъзои СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо ба имзо расида, 22 феврали соли 2017 мавриди амал қарор гирифт.

Ҳузури доираҳои корӣ дар тарҳрезӣ ва баррасии масъалаҳои Кумита таъсири бевосита дорад. Иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ Ҳукуматро ҷиҳати таҳияи тадбирҳои муассир оид ба соддагардонии расмиёти савдо ҳавасманд месозад. Аксарияти тавсияҳо оид ба соддагардонии расмиёти савдо натиҷаи машварат бо бахши хусусӣ доир ба рафъ кардани монеъаҳои ҳамарӯза мебошанд, ки бо онҳо дучор мешаванд. Дар махсусгардонии лоиҳаҳо, табодули назар нисбат ба вариантҳои амалисозӣ ва афзалият, иштирок дар лоиҳаҳои озмоишӣ ва кумак дар арзёбии самаранокии соддагардонии расмиёти савдои вобаста ба тиҷорат ҳам дар дохил ва ҳам байни шарикони савдои хориҷӣ бахши хусусӣ ба саҳми худ такя карда метавонад.

Ҳамин тариқ, иштироки бахши хусусӣ дар фаъолияти Кумита имкони хеле хуби мусоидат ба беҳбуди муҳити тиҷоратро фароҳам оварда, метавонад пешбурди тиҷоратро зуду осон ва бо хароҷоти паст амалӣ намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...