Ҳукумат пешгӯйӣ мекунад: солҳои 2021-2023 сомонӣ нисбат ба доллар 9,1% беқурб мешавад

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2023 қайд мешавад, ки қурби арзи миллии тоҷикӣ – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА давоми се соли наздик ҳар сол ҳамагӣ ба андозаи 3% поин меравад. Пешгӯйӣ мешавад, ки то охири сол қурби 1 доллари ИМА 10,69 сомониро ташкил хоҳад дод. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2023 қайд мешавад, ки қурби арзи миллии тоҷикӣ – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА давоми се соли наздик ҳар сол ҳамагӣ ба андозаи 3% поин меравад.

Пешгӯйӣ мешавад, ки то охири сол қурби 1 доллари ИМА 10,69 сомониро ташкил хоҳад дод.

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 қурби доллар – ба 11 сомонӣ, соли 2022 – 11,33 сомонӣ ва соли 2023 – ба 11,67 сомонӣ мерасад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) дар нимсолаи аввал 6,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Айни замон қурби расмии доллари ИМА 10,31 сомонӣ (1 доллар)-ро ташкил медиҳад.

“Тағйирёбии зерин таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифт, – омадааст дар маълумоти БМТ. – Бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ раванди коҳишёбӣ доштанд”.

Гуфта мешавад, ҷиҳати коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, бартараф намудани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, Бонки миллӣ моҳи марти соли равон тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ намуд.

Таъкид мешавад, ки давоми нимсолаи якуми соли 2020 реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.