Кадрҳо барои ТВ Тоҷикистон дар Олмону Русия ва Англияву Фаронса тайёр карда мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди телевизион ва радиоро барои давраи солҳои 2021-2025 таҳия намуд. Муаллифони барнома норасоии кадрҳои ҳирфаиро, ки забонҳоро мукаммал медонанд, инчунин маоши пасти мутахассисони соҳаро аз мушкилоти асосии телевизиону радиои ҷумҳурӣ номбар кардаанд. Инчунин нокофӣ будани заминаи моддӣ-техникӣ ва рушди ноустувори зерсохтор, аз ҷумла камбуди техника ва технологияи муосир қайд мешавад. Ғайр […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди телевизион ва радиоро барои давраи солҳои 2021-2025 таҳия намуд.

Муаллифони барнома норасоии кадрҳои ҳирфаиро, ки забонҳоро мукаммал медонанд, инчунин маоши пасти мутахассисони соҳаро аз мушкилоти асосии телевизиону радиои ҷумҳурӣ номбар кардаанд.

Инчунин нокофӣ будани заминаи моддӣ-техникӣ ва рушди ноустувори зерсохтор, аз ҷумла камбуди техника ва технологияи муосир қайд мешавад.

Ғайр аз ин, рақобатнопазир будани маводи аз ҷониби шабакаҳои телевизион ва радио таҳияшуда дар арсаи байнулмилалӣ зикр мегардад.

Мавҷуд набудани механизми таҳия, истеҳсол ва фурӯши маводи телевизиону радио низ аз ҷумлаи мушкилоти ин соҳа унвон шудааст.

Дар Барнома тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбии Русия, Олмон, Англия, Фаронса ва дигар кишварҳои пешрафта пешбинӣ шудааст.

Барои бозомӯзии касбии мутахассисони телевизиону радиои кишвар мутахассисони варзидаи соҳа аз хориҷи кишвар даъват хоҳанд шуд.

Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои Кумитаи телевизиону радио ва корхонаву ташкилотҳои зертобеъи он амалӣ мешавад.

Зикр мегардад, ки дар ҷумҳурӣ чунин шабакаҳои телевизиону радио амал мекунанд:  «Телевизиони Тоҷикистон», МД «Телевизиони Сафина», МД «Телевизиони кӯдакону наврасони – Баҳористон», МД «Ҷаҳоннамо», МД «Варзиш», МД «Синамо», Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он: «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва «Овози тоҷик».

Инчунин дар маркази ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва Кӯлоб низ шабакаҳои телевизиону радио фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.