ВАО-и Қазоқистон дар бораи марги набераи Назарбоев дар Лондон хабар доданд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Хабаргузориҳои Қазоқистон 16 август дар бораи марги Ойсултон Назарбоев – набераи президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев хабар доданд.

"Ойсултон Назарбоев имшаб дар шаҳри Лондон даргузашт. Сабабҳои марги ӯ муайян карда мешавад. Бино ба маълумоти пешакӣ, қалбаш аз тапиш боз мондааст ва ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан маълум нест", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Қазоқистон.

Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев ва модари Ойсултон низ марги писарашро тасдиқ кардааст.

Хабаргузории КазТАГ бо истинод ба чанд манбаъ хабар дода, ки маросими дафни набераи Назарбоев 17 август дар шаҳри Алмато баргузор мешавад.

Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Ӯ Академияи низомии шоҳигарии Бритониёро хатм карда, ба раёсати ҷосусии Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба кор қабул шуда буд.

Падари Ойсултон – Роҳат Алиев – собиқ дипломат ва мақомдори баландпояи ҳукумати Қазоқистон, баъди бад шудани равобиташ бо падарарӯси президенташ тарки кишвар кард ва дар Вена зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 2008 бо қарори додгоҳе дар Алмаато ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 дар як зиндони Австрия ҷасади ӯ пайдо шуд ва фарзияи расмӣ ин аст, ки худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.

Ойсултон Назарбоев, вақтҳои ахир дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекард, аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хостааст. Дар ин бора худи Ойсултон рӯзи 12-уми феврали имсол дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук, ки дар онҷо бо номи "Ойсултон Роҳат" сабтином шудааст, хабар дода буд.

Набераи президенти пешини Қазоқистон дар изҳороти фейсбукиаш мегӯяд, дар бораи фасодкориҳои миёни ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон иттилоъ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...