Эмомалӣ Раҳмон табибонро барои матонату ҷасорат дар мубориза бо коронавирус таҳсин гуфт

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар рӯзҳои вазнини мубориза бо коронавирус матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи ҳукумати мамлакат самимона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор орзу кард.

“Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад”, – изҳор дошт президент зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ҷашни Рӯзи касбии кормандони тиббӣ.

“Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардид. Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем”, – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Таҳсину офарин ба табибон

Президент зикр кард, ки “аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд”.

Зикр шуд, ки ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

“Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд. Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд. Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!”.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар баробари ин, бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст.

Таъкид шуд, ки бар замми ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Дар бораи кумак

“Ҳамчунин, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусӣ низ аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд”, – гуфт президент.

Қайд шуд, ки дар ин давра 60 корхона бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва 20 корхона ба истеҳсоли либоси махсуси муҳофизатӣ машғул шуда, то 15 августи соли 2020 зиёда аз 10 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 56 ҳазор либоси махсуси тиббӣ истеҳсол намуданд.

Инчунин, ҳоло дар кишвар 15 корхона ба истеҳсоли маводи безараргардонӣ ва беҳдоштӣ машғул мебошад.

“Дар ин давра аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд, ки ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам”, – таъкид кард президент.

Дар бораи музди меҳнат

Президент хотиррасон намуд, ки дар соли 2020 буҷети соҳаи тандурустӣ 1 млрд 841 млн сомониро ташкил медиҳад, ки 7,2 баробар бештар аз соли 2008 мебошад:

“Дар 29 соли истиқлол музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда ҳатто нисбат ба соли 2007-ум қариб 20 баробар зиёд шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расида, ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд.

Инчунин хотиррасон шуд, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар бораи кадрҳо

Дар робита ба масъалаи кадрҳо сарвари давлат қайд кард, ки ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соҳа ба ҳисоби миёна 1282 нафар кадрҳои ҷавон тайёр мекунад, яъне дар 5 соли охир ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро қариб 6500 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

“Вале норасоии кадрҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки ин мушкилот дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар мебошад. Умуман, дар мамлакат имрӯз 4264 нафар табиб ва 2358 корманди миёнаи тиб намерасад. Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”, – қайд кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...