Боздошти полковники Агентии зиддифасод барои порагирӣ ба миқдори махсусан калон

Полковники Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони порагирӣ дар Душанбе боздошт шуд. Бино ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, ӯро кормандони ҳамин Кумита ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт намудаанд. “Кормандони КДАМ рӯзи 17-уми август мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Полковники Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони порагирӣ дар Душанбе боздошт шуд.

Бино ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, ӯро кормандони ҳамин Кумита ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт намудаанд.

“Кормандони КДАМ рӯзи 17-уми август мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ полковник Ҷонибек Маҳмадзодаро ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир карданд”, – қайд мешавад дар хабари Кумита.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода нашуда, зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.