Шоири тоҷик дар озмуни ҷаҳонӣ шоҳҷоиза ба даст овард

Шеъри “Бешаи анбӯҳи андеша”- и шоир Абдуқаҳҳори Қосим дар шаҳри Пекин сазовори Шоҳҷоизаи “Озмуни рӯзномавии ҷаҳонии шеър” таҳти унвони The Outstanding Winners (Ғолибони барҷаста) гардид. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар радифи Абдуқаҳҳори Қосим, Маки Старфилд аз Ҷопон,Татяна Требинова аз Россия ва Сума Монтейру аз Боливия сазовори шоҳҷоиза гардиданд. Гуфта мешавад, ки дар озмун, ки […]

Шеъри “Бешаи анбӯҳи андеша”- и шоир Абдуқаҳҳори Қосим дар шаҳри Пекин сазовори Шоҳҷоизаи “Озмуни рӯзномавии ҷаҳонии шеър” таҳти унвони The Outstanding Winners (Ғолибони барҷаста) гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар радифи Абдуқаҳҳори Қосим, Маки Старфилд аз Ҷопон,Татяна Требинова аз Россия ва Сума Монтейру аз Боливия сазовори шоҳҷоиза гардиданд.

Гуфта мешавад, ки дар озмун, ки 3-юми январи соли 2020 эълон шуда буд, ҳамагӣ 607 муаллиф аз Ҷумҳурии Хитой ва давлатҳои хориҷа ба мисли Покистон, Филиппин, Россия, Ҷопон, Ҳиндустон, Италия, Тоҷикистон, Туркия, Боливия, Канада, ИМА, Дания, Венесуэла, Косово, Сербия, Булғория, Маврикий ва дигар манотиқи дунё иштирок намуданд.

Шоҳҷоиза ва дигар туҳфаҳо баъд аз маросими тантанавӣ, ки моҳи сентябри соли 2020 дар Пекин баргузор мегардад, ба муаллифоне, ки бо сабаби бемории ҳамагири COVID -19 иштирок карда наметавонанд, фиристода мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки «Озмуни рӯзномавии ҷаҳонии шеър», ки аз ҷониби «Асотсиатсияи журналистони ҷаҳонӣ», «Рӯзномаи ҷаҳонӣ», «Телевизиони ҷаҳонӣ», «Телевизиони моҳворавии ҷаҳонӣ», «Ахбори ҷаҳонӣ ва Тутяо» ташкил гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳори Қосим ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, узви конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Академияи адабиёти Россия ва ҳамоҳангсози раёсати байналхалқии нависандагон, драматургон ва журналистон оид ба кор бо муаллифон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.