МегаФон Тоҷикистон шабакаро дар ВМКБ тақвият мебахшад

Иттилоияи расмӣ

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ модернизатсияи шабакаро дар ВМКБ ба анҷом расонид. Дар рафти корҳои техникӣ шабакаи 4G дар шаҳри Хоруғ тақвият бахшида шуда, акнун сокинони маркази вилоят имкон доранд, ки интернети мобилиро бо суръатҳои нисбатан баланд истифода намоянд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияҳои ВМКБ нишондиҳандаҳои сифати фаъолияти шабакаи қаблии 3G такмил дода шудаанд.

Дар давоми моҳҳои тобистон МегаФон Тоҷикистон тавассути ба кор даровардани пойгоҳҳои базавии иловагӣ шабакаи насли чорумро дар шаҳри Хоруғ такмил дод. Ба ин восита теъдоди истифодабарандагоне, ки интернети мобилиро бо суръатҳои баландтарин дар дастгоҳҳои мобилии худ истифода карда метавонанд, зиёд карда шуд.

Дар баробари ин, шабакаи 3G низ инкишоф дода шуд, тариқи он қисми назарраси трафики овозии муштариёни оператор мегузарад. Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷ пойгоҳҳои нави базавии насли сеюм баҳри зиёдкунии ҳиссаи зангҳои бомуваффақона анҷомёфта ба кор дароварда шуданд.

“Зимни бунёди шабака дар ВМКБ он сохтори “серқабата”-ро ҳосил намуд, зеро мо пойгоҳҳои базавии якчанд насл – аз 2G то 4G-ро ба кор медарорем ва ба манфиати муштариёнамон он стандартҳои алоқаро инкишоф медиҳем, ки сифати беҳтарини интернети мобилӣ ва пайвастагиҳои овозиро таъмин менамоянд. Мутмаинам, ки натиҷаҳои модрнизатсия аллакай намоён мебошанд ва ба баҳои баланди муштариёни ҳам маркази вилоят, ҳам ноҳияҳои дигари вилоят сазовор хоҳанд буд”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...