МегаФон Тоҷикистон шабакаро дар ВМКБ тақвият мебахшад

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ модернизатсияи шабакаро дар ВМКБ ба анҷом расонид. Дар рафти корҳои техникӣ шабакаи 4G дар шаҳри Хоруғ тақвият бахшида шуда, акнун сокинони маркази вилоят имкон доранд, ки интернети мобилиро бо суръатҳои нисбатан баланд истифода намоянд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияҳои ВМКБ нишондиҳандаҳои сифати фаъолияти шабакаи қаблии 3G такмил дода шудаанд. […]

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ модернизатсияи шабакаро дар ВМКБ ба анҷом расонид. Дар рафти корҳои техникӣ шабакаи 4G дар шаҳри Хоруғ тақвият бахшида шуда, акнун сокинони маркази вилоят имкон доранд, ки интернети мобилиро бо суръатҳои нисбатан баланд истифода намоянд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияҳои ВМКБ нишондиҳандаҳои сифати фаъолияти шабакаи қаблии 3G такмил дода шудаанд.

Дар давоми моҳҳои тобистон МегаФон Тоҷикистон тавассути ба кор даровардани пойгоҳҳои базавии иловагӣ шабакаи насли чорумро дар шаҳри Хоруғ такмил дод. Ба ин восита теъдоди истифодабарандагоне, ки интернети мобилиро бо суръатҳои баландтарин дар дастгоҳҳои мобилии худ истифода карда метавонанд, зиёд карда шуд.

Дар баробари ин, шабакаи 3G низ инкишоф дода шуд, тариқи он қисми назарраси трафики овозии муштариёни оператор мегузарад. Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷ пойгоҳҳои нави базавии насли сеюм баҳри зиёдкунии ҳиссаи зангҳои бомуваффақона анҷомёфта ба кор дароварда шуданд.

“Зимни бунёди шабака дар ВМКБ он сохтори “серқабата”-ро ҳосил намуд, зеро мо пойгоҳҳои базавии якчанд насл – аз 2G то 4G-ро ба кор медарорем ва ба манфиати муштариёнамон он стандартҳои алоқаро инкишоф медиҳем, ки сифати беҳтарини интернети мобилӣ ва пайвастагиҳои овозиро таъмин менамоянд. Мутмаинам, ки натиҷаҳои модрнизатсия аллакай намоён мебошанд ва ба баҳои баланди муштариёни ҳам маркази вилоят, ҳам ноҳияҳои дигари вилоят сазовор хоҳанд буд”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.