Эҳтимоли барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Русия ва пойтахтҳои кишварҳои ИДМ

Asia-Plus

Маскав дар давоми як моҳ алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор карда метавонад, хабар додааст рӯзи сешанбе ба “Интерфакс” як манбаи огаҳ.

“Дар навбати аввал механизмҳои барқарор кардани парвозҳо ба пойтахти кишварҳои ИДМ баррасӣ мешаванд. Ин ҷо сари Нур-Султон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигар шаҳрҳо сухан меравад”, – гуфтааст манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, нахуст алоқаи ҳавоӣ бо пойтахти Беларус – шаҳри Минск барқарор шуда метавонад.

“Алҳол ин масъала бо иштироки мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Санаи барқарор кардани парвозҳо алҳол муайян карда нашудааст”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Барқарор шудани парвозҳоро байни Русия ва Тоҷикистон бештар аз ҳама донишҷӯён интизорӣ доранд, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Тибқи маълумоти ВКХ кишвар, шумори онҳо беш аз 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.

Аз 21 август то 13 сентябр тариқи парвозҳои чартерӣ 5432 нафар мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.