Нархҳои моҳи сентябр: орд қимату помидор арзон шуд

Сайфиддин Қараев, Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон орд, гӯшт, ширу биринҷ қимат шуда, нарх ба дигар маҳсулот ба таври назаррас поин рафт.

Нархи миёнаи 1 кило помидор соли гузашта дар бозорҳои пойтахт 5,3 сомонӣ буда, имсол ба 2,95 сомонӣ баробар аст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, картошка ва карам 15 дирам, пиёз – 1 сомонӣ, бодиринг – 80 дирам, себ – 75 дирам ва тухм – 5 дирам арзон шуд.

Дар маркази вилоятҳо нархи арзонтарин ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Хуҷанд ба мушоҳида расида, Хоруғ шаҳри гаронтарин аст. Нисбат ба соли гузашта дар Бохтар нархи маҳсулоти ғизоӣ каме боло рафтааст.

Байни ноҳия ва шаҳрҳо нархҳои нисбатан арзон дар бозорҳои Истаравшан ва Ҳисор ва қимат дар Рашту Ванҷ ва шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нархҳои миёна ба чанде аз маҳсулоти ғизоӣ бо сомонӣ ба ҳолати 4 сентябр тариқи зайл аст:

Картошка

Душанбе – 3,25 с барои 1 кг

Хуҷанд – 2,80

Бохтар – 3,30

Хоруғ – 5.00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Истаравшан – 2,60

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 4,00

Карам

Душанбе – 3,25 барои 1 кг

Хуҷанд – 2,50

Бохтар – 3,50

Хоруғ – 3,50

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар – Ҳисор, Истаравшан, Ғафуров, Конибодом, Ёвон – 2,50

Аз ҳама қиматтар – Рашт – 4,00

Пиёз

Душанбе – 1,40  барои 1 кг

Хуҷанд – 1,25

Бохтар – 1,50

Хоруғ – 3,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ҳисор– 1,00

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 2,00

Сабзӣ

Душанбе – 2,35 барои 1 кг

Хуҷанд – 2,00

Бохтар – 2,50

Хоруғ – 3,30

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ҳамадонӣ– 2,00

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 2,80

Помидор

Душанбе – 2,95  барои 1 кг

Хуҷанд – 1,80

Бохтар – 3,30

Хоруғ – 6,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Панҷакент– 1,50

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 4,00

Бодиринг

Душанбе – 3,00 барои 1 кг

Хуҷанд – 2,00

Бохтар – 3,30

Хоруғ – 5,50

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Исфара, Ғафуров– 1,80

Аз ҳама қиматтар – Ҷ. Балхӣ – 4,00

Себ

Душанбе – 9,75 барои 1 кг

Хуҷанд – 7,00

Бохтар – 8,00

Хоруғ – 8,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ванҷ – 4,00

Аз ҳама қиматтар – Турсунзода – 10,00

Биринҷ

Душанбе – 13,60 барои 1 кг

Хуҷанд – 11,00

Бохтар – 10,00

Хоруғ – 14,50

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ҷ. Балхӣ – 9,00

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 14,25

Равған

Душанбе – 12,60 барои 1 литр

Хуҷанд – 12,50

Бохтар – 11,00

Хоруғ – 15,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ҳамадонӣ, Ёвон – 11,00

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 14,00

Гӯшти гов

Душанбе – 51,00 барои 1 кг

Хуҷанд – 46,00

Бохтар – 53,00

Хоруғ – 45,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ванҷ – 46,00

Аз ҳама қиматтар – Турсунзода – 55,00

Гӯшти гӯсфанд

Душанбе – 50,50 барои 1 кг

Хуҷанд – 60,00

Бохтар – 55,00

Хоруғ – 46,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ванҷ – 46,00

Аз ҳама қиматтар – Ғафуров, Конибодом – 60,00

Шир

Душанбе – 4,50 барои 1 литр

Хуҷанд – 4,00

Бохтар – 4,00

Хоруғ – 6,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ваҳдат, Панҷакент, Кӯлоб, Панҷ, Ҳамадонӣ, Балхӣ, Ёвон – 3,00

Аз ҳама қиматтар – Рашт – 4,60

Тухм (10 дона)

Душанбе – 8,10

Хуҷанд – 7,50

Бохтар – 7,00

Хоруғ – 10,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Ваҳдат, Конибодом – 7,00

Аз ҳама қиматтар – Рашт – 10,00

Шакар

Душанбе – 6,30 барои 1 кг

Хуҷанд – 6,30

Бохтар – 6,50

Хоруғ – 7,50

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Конибодом – 6,20

Аз ҳама қиматтар – Рашт, Турсунзода, Балхӣ, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ёвон, Ванҷ – 7,00

Орди навъи 1-ум

Душанбе – 4,55 барои 1 кг

Хуҷанд – 4,40

Бохтар – 4,80

Хоруғ – 4,90

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Истаравшан – 4,36

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 5,20

Нон (хлеб, булка) аз орди навъи 1-ум (400 грамм)

Душанбе – 2,50

Хуҷанд – 2,50

Бохтар – 3,00

Хоруғ – 6,00

Байни ноҳия ва шаҳрҳо:

Аз ҳама арзонтар –  Истаравшан – 2,20

Аз ҳама қиматтар – Ванҷ – 5,00

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар аз оғози сол 4,8%-ро ташкил дод.

Нарху тарифҳо дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба андозаи 4,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Аз ҷумла, маҳсулоти озуқаворӣ нисбат баа ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 6,2%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,3% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 3,1% боло рафтанд.

Кадом маҳсулот аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Маҳсулоти озуқаворӣ:

картошка – 22,8%;

маҳсулоти нонӣ – 12,2%;

мева – 9,7%;

гӯшт – 3,8%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

гази моеъ – 13,4%;

маҳсулоти дорусозӣ (фармасевтӣ) – 8,5%;

воситаҳои шустан  – 7,3%;

масолеҳи сохтмон – 5,6%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%;

Хизматрасониҳои маишӣ – 2,2%.

Ҳукумат ният дорад, ки соли равон мизони таваррумро дар бахши истеъмолӣ дар сатҳи 7% нигоҳ дорад. Соли 2019 сатҳи таваррум 8%-ро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...