Оғози Ҳафтаи байнулмилалии муди Tajikistan Fashion Week

Имрӯз Ҳафтаи V ҷашнии байнулмилалии муд Tajikistan Fashion Week оғоз гардида, то 18 сентябр идома меёбад. Имсол чорабинӣ дар шакли виртуалӣ баргузор мешавад. Шумо ҳозир метавонед намоиши онро поинтар дар ин саҳифа тамошо кунед. Имрӯз эҷоди худро 7 тарроҳ (дизайнер) ва моделйерҳо аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Қазоқистон намоиш доданд. Шумо барои тамошои моделҳои онҳо имкон […]

Asia-Plus

Имрӯз Ҳафтаи V ҷашнии байнулмилалии муд Tajikistan Fashion Week оғоз гардида, то 18 сентябр идома меёбад. Имсол чорабинӣ дар шакли виртуалӣ баргузор мешавад. Шумо ҳозир метавонед намоиши онро поинтар дар ин саҳифа тамошо кунед.

Имрӯз эҷоди худро 7 тарроҳ (дизайнер) ва моделйерҳо аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Қазоқистон намоиш доданд. Шумо барои тамошои моделҳои онҳо имкон доред.

Лоиҳаи иҷтимоиву фарҳангии Tajikistan Fashion Week, ки аз ҷониби иттиҳодияи эҷодии T&Z роҳандозӣ шудааст, тамоили самти афзалиятноки миллӣ оид ба дастгирии тарроҳони лаёқатманд ва пешбурди онҳо ба сатҳи нав мебошад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа ҳамкориҳо муқаррар ва дар саросари ҷаҳон густариш меёбанд, робитаҳо байни имконоти эҷодӣ ва истеҳсолии кишвар роҳандозӣ мешаванд, барои ташкили инкубаторҳои тиҷоратӣ дар соҳаи индустрияи муд ва реклама замина фароҳам оварда мешавад.  

Шарикони расмии лоиҳа имсол Global fashion Week Berlin ва New Yourk, Oriental Fashion Show Paris,  Aspara Fashion Week, Kazahstan Fashion Week, Burana Fashion Week, SerbiaFashionWeek, AzerbaijanFashionWeek, UzbekistanFashionWeek, MercedesBenzFashionWeek Moscow ва дигарон мебошанд.

Дастгирии кулли иттилоотии чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи Расонаҳои «Азия-Плюс» таъмин шуда, шбакаҳои телевизиони интернетии World Styles, шабакаҳои телевизиони «Сафина», «Душанбе HD» ва «Синамо»-и Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории чорабинӣ гузоришҳо намоиш медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.