Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни зодрӯзаш табрик мегӯянд. Имрӯз ӯ 68-сола шуд

Asia-Plus

Ба муносибати зодрӯзи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодӯзатон қабул фармоед!

Шумо чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди ичтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.

Саҳми шахсии Шумо дар таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳои мо, суръат бахшидан ба робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои бисёрҷониба бениҳоят арзишманд аст.

Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зичи мо аз рӯи масъалаҳои мубрами дуҷонибаву бисёрҷониба бар нафъи мардумони Россия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзумандам”.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Табрикоти сидқӣ ва таманниёти беҳтарини манро дар иртибот ба зодрӯзатон қабул фармоед.

Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.

Пас аз авҷ гирифтани ҳамагирии COVID-19 Чин ва Тоҷикистон ҳамдигарро дастгирӣ намуда, талошҳояшонро барои ҳифзи муштараки саломатӣ ва ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид гардониданд, ки худ ифодагари ҷавҳари асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амнияти Чину Тоҷикистон мебошад. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти калон дода, робитаҳои хуби корӣ ва дӯстии амиқи шахсиамро бо Шумо қадрдонӣ менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо саъю кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам, ки бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон ба пайваста баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон ба сатҳи боз ҳам баландтар нигаронда шудаанд.

 Ба Шумо сиҳатмандии комил ва некӯаҳволӣ орзумандам”.

 “Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бо камоли хушнудӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, таманниёти самимӣ ва беҳтарини худро ба муносибати зодрӯзатон арз менамоям, – омадааст дар номаи шодбошии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. – Мо дар Ӯзбекистон шахсияти Шуморо ҳамчун арбоби маъруфи давлатӣ, пешвои соҳибистеъдод, ватанпарвари ҳақиқӣ, ки ҳаёти худро барои хидмат ба некӯаҳволӣ ва рушди мардуми Тоҷикистон бахшидааст, мешиносем ва бениҳоят эҳтиром мегузорем”.

Боиси таъкиди хосса аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ собитқадамона пеш рафта истодааст, мақому манзалат ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардад.

Мо аз ҳамаи дастовардҳо, ислоҳоти васеъмиқёс ва таҳаввулоти босуръате, ки дар кишвари Шумо, шарики бо мурури замон санҷидашуда ва боэътимоди мо, ба вуқӯъ мепайванданд, хушнуд ҳастем.

Дар робита ба ин мехоҳам саҳми бениҳоят арзишманд ва таваҷҷуҳи доимии Шуморо ба фаъол гардонидани робитаҳои гуногунҷанба ва дарозмуддати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумонамон ба таври хосса таъкид намоям.

Итминон дорам, ки муносибатҳои зичи бародарона, ҳамчунин ҳамкории наву барои ҷонибҳо судманде, ки миёни мо устувор шудаанд ва ба шарофати саъю талошҳои муштараки мо тайи солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд, минбаъд ҳам баҳри шукуфоии умуми мардумонамон тавсеа хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар Шуморо сидқан ба муносибати ин санаи дар ҳаётатон хотирмон табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва некӯаҳволӣ орзу менамоям”.

Ба унвони президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Белурас Александр Лукашенок, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, дабири куллии СААД Станислав Зас, дабири куллии СҲШ Владимир Норов, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва дигарон номаҳои шодбошӣ расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.