СММ ба Тоҷикистон дар беҳбуди зерсохтори нақлиётӣ кумак мекунад

Ҳамоҳангсози кишварии СММ хонум Сезин Синаноғлу зимни мулоқот бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки тариқи видеоконфронс доир гардид, изҳор дошт, ки СММ айни замон Стратегия нави ҳамкориро бо ҷумҳурӣ таҳия мекунад. Ӯ қайд кард, ки дар стратегия мусоидат ба масоили марбут ба рушди долонҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ пешбинӣ […]

Ҳамоҳангсози кишварии СММ хонум Сезин Синаноғлу зимни мулоқот бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки тариқи видеоконфронс доир гардид, изҳор дошт, ки СММ айни замон Стратегия нави ҳамкориро бо ҷумҳурӣ таҳия мекунад.

Ӯ қайд кард, ки дар стратегия мусоидат ба масоили марбут ба рушди долонҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ пешбинӣ шудааст.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар навбати худ қайд кард, ки омода аст ҳангоми пешниҳод гардидани Стратегияи болозикр онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамкории судмандро бо СММ ба роҳ монад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аввали соли 1992 ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Тӯли ин давра Созмон ба ҷумҳурӣ ба сифати грант беш аз ним млрд доллар маблағ дод. Ин маблағ ба рушди имконоти инсонӣ, муҳайё охтани ҷойҳои корӣ, беҳбуди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, рушди менеҷмент ва ҳифзи муҳити зист равона гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.