Даргузашти ҷарроҳи варзида ва инсони самимӣ Икром Болтабоев

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мудири шӯъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дили МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» Икром Болтабоев аз олам даргузашт. Табиби варзида аввали моҳи сентябр бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда, аз он шифо ёфта натавонист. Икром Болтабоевро ҷарроҳи худодод мегуфтанд. Ӯ ҷони садҳо нафар хурдсолону калонсолонро наҷот додааст. Чанде аз […]

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мудири шӯъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дили МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» Икром Болтабоев аз олам даргузашт.

Табиби варзида аввали моҳи сентябр бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда, аз он шифо ёфта натавонист.

Икром Болтабоевро ҷарроҳи худодод мегуфтанд. Ӯ ҷони садҳо нафар хурдсолону калонсолонро наҷот додааст. Чанде аз кӯдаконро ӯ аз ҳисоби пули худаш, инчунин тифлони моҳашон нопурра таваллудшударо ҷарроҳӣ карда буд.

Дар ҷумҳурӣ ӯ аз аввалинҳост, ки дили тифли ҳамагӣ 3 кило вазндоштаро ҷарроҳӣ карда буд. Барои Тоҷикитсон ин ҷарроҳӣ боз аз он лиҳоз нодир буд, ки он бо истифода аз дастгоҳи сунъии хунгардӣ гузаронида шуд. Ҳатто ҷарроҳии дили тифли серӯзаи вазнаш 2,5 килоро ба уҳда гирифта буд.

Бемории Икром Болтабоев душвор ҷараён гирифта, ӯ ба дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) пайваст шуда буд. Ахиран зикр гардида буд, ки вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад, лекин имрӯз дилаш аз тапидан бозмонд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.