Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги озодии иқтисод ба таври назаррас поин рафт

Коршиносони пажуҳишгоҳи амрикоии Heritage Foundation дар Индекси озодии иқтисод (Index of Economic Freedom) ба озодии иқтисоди 180 кишвари дунё баҳогузорӣ намуданд. Муаллифони рейтинг сатҳи озодии иқтисоди Тоҷикистонро 52,2 балл арзёбӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ин нишондиҳанда 3.4 банд кам шуд. Ба ин тариқ, ҷумҳурӣ аз зинаи 122-юми соли гузашта ба мақоми 155-ум […]

Коршиносони пажуҳишгоҳи амрикоии Heritage Foundation дар Индекси озодии иқтисод (Index of Economic Freedom) ба озодии иқтисоди 180 кишвари дунё баҳогузорӣ намуданд.

Муаллифони рейтинг сатҳи озодии иқтисоди Тоҷикистонро 52,2 балл арзёбӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ин нишондиҳанда 3.4 банд кам шуд. Ба ин тариқ, ҷумҳурӣ аз зинаи 122-юми соли гузашта ба мақоми 155-ум поин рафт.

“Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, лекин ҷумҳурӣ яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ мемонад, ки аксар вақт ба интиқоли пул аз хориҷи кишвар вобастагӣ дорад”, – қайд мекунанд муаллифони рейтинг.

Зинаи баландтаринро байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Қазоқистон – мақоми 39-ум ишгол мекунад. Қирғизистон дар мақоми 81-ум ва Ӯзбекистон дар ҷойи 114-ум қарор доранд.

Туркманистон аз Тоҷикистон зинаи пасттар 170-умро ишғол намуда, Русия дар мақоми 94-ум ҷойгир шудааст.

Дар зинаҳои аввали ин раддабандӣ Сингапур, Гонконг ва Зеландияи Нав қарор дошта, зинаҳои охирро Куба, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ ишғол мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.