Қоидаҳои беҳдошти зидди Cоvid-19 дар бозору ошхонаҳои Хуҷанд риоя намешаванд

Дар бозору марказҳои савдо ва ошхонаҳои Хуҷанд қоидаҳои беҳдоштӣ вобаста ба пешгирӣ бемории коронавируси нави Cоvid-19 риоя намешаванд.  Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд,  ҳангоми гузаронидани рейд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд маълум гардид, ки дар бозору марказҳои савдо ва ошхонаҳо бидуни ченкунии таб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар бозору марказҳои савдо ва ошхонаҳои Хуҷанд қоидаҳои беҳдоштӣ вобаста ба пешгирӣ бемории коронавируси нави Cоvid-19 риоя намешаванд. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд,  ҳангоми гузаронидани рейд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд маълум гардид, ки дар бозору марказҳои савдо ва ошхонаҳо бидуни ченкунии таб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи дизенфексионӣ ва бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз маъмурият то хизматрасонҳо дар марказҳои хӯроки умум бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, ки омили асосии хатари сирояти беморӣ коронавирус ба мизоҷон шуда метавонад.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд то ҳол дар бозорҳо фосила риоя нашуда, савдои кӯчагӣ дар роҳравҳо низ ташкил шудаанд, ки берун аз назорати масъулини дахлдор қарор гирифтааст.

“Пешниҳоди сихкабобҳо дар шароити пасти хизматрасонӣ дар шароити феълӣ то ҳол масъулини бозорҳо ва соҳибони ин марказҳои хизматрасониро ба ташвиш водор намесозад, баръакс аз рӯйи мақоли «Худам шоҳу табъам вазир» фаъолият намуда истодаанд. Зимни бурдани корҳои назоратӣ уҳдадориҳои беҳдоштиро маҷбуран иҷро намуда, баъдан сарфи назар намуда истодаанд, ки боиси нигаронии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд гардидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Маркази НДСЭ шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ бемории коронавируси нави CОVID-19 тадбирҳои мушаххас пиёда карда шавад, ҳам таҳлилҳо собит намуданд, ки ҳангоми баргузории маросими тўй дар як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тӯйхонаҳои шаҳр қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд ва ҳамаи ин боис гардид, ки фаъолият ин нуқтаҳои хизматрасонӣ то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан манъ карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.