“Короче”, “уже”, “все равно”… Оё сокинони Душанбе тарҷумаи тоҷикии ин калимаҳоро медонанд?

Имрӯз, 5 октябр, дар Тоҷикистон “Рӯзи забони тоҷикӣ” таҷлил мешавад. Дар солҳои истиқлолият барои рушди забон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуданд – қонун қабул шуд, кумита таъсис дода шуд, номи кӯчаҳо ва навишти ному насаб ба тоҷикӣ иваз карда шуданд. Аммо дар забони мардум то имрӯз калимаҳои зиёди русӣ боқӣ мондаанд ва дар вақти […]

Азамат Зиёев, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Имрӯз, 5 октябр, дар Тоҷикистон “Рӯзи забони тоҷикӣ” таҷлил мешавад. Дар солҳои истиқлолият барои рушди забон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуданд – қонун қабул шуд, кумита таъсис дода шуд, номи кӯчаҳо ва навишти ному насаб ба тоҷикӣ иваз карда шуданд. Аммо дар забони мардум то имрӯз калимаҳои зиёди русӣ боқӣ мондаанд ва дар вақти муошират аз онҳо фаровон истифода мекунанд.

Мо аз раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе пурсидем, ки оё ин калимаҳои содаи русиро бо калимаҳои тоҷикӣ иваз карда метавонанд: «короче», «вообще», «уже», «все равно», «типа», «обычный», «ждать», «опоздать», «молодец», «очки», «зонтик», «ботинки».

Оё шумо метавонед онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума кунед ё бе истифодаи ин калимот муошират кунед?

Забони тоҷикӣ мақоми давлатиро вақте қабул кард, ки 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забон» қабул карда шуд. Мувофиқи ин қонун, 22 июл дар ҷумҳурӣ "Рӯзи забони давлатӣ" эълон шуда буд ва солҳои 1990-2009 таҷлил карда мешуд. Ба қонун 5 октябри соли 2009 тағйиротҳо ворид карда шуданд ва пас аз он ин рӯз ҳамчун Рӯзи забон дар Тоҷикистон қайд карда мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.