БРСММ: Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаро маҳдуд мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар таҳқиқоти Барномаи рушди СММ (БРСММ) қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳолати мунтазам маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, тамоили мазкур роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.

Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.

“Ба сурати умум, – таъкид мешавад дар таҳқиқот. – Ҳудуди 30% аз ҳаҷми у умумӣ ба корхонаҳои давлатӣ рост омада, аз ҳисоби маблағҳои андозсупорандагон дастгирии назаррас гирифтани онҳо аз ҷониби давлат идома дорад”.

Таҳлилгарони БРСММ қайд мекунанд, ки бар асари вазнинии андоз ва танзими давлатӣ, аксари соҳибкорон дар ҷумҳурӣ намехоҳанд, ки ба сифати шахси ҳуқуқӣ худро ба қайд гузоранд.

“Ин омили боздоранда ҳамчунин соҳибкорони маҳаллиро ба шуғли ғайрирасмӣ водор месозад”, – таъкид мекунанд онҳо.

Дар таҳқиқот ҳамчунин зикр мешавад, ки аксари корхонаҳои хурду миёна дар шароити пандемияи коронавирус ва ҷорисозии тадбирҳои худгӯшагирӣ, коҳиши талабот, ноҷӯриҳо дар таъминот ва дигар мушкилиҳо,  ба анҷоми амалиёти бузургмиқёс имкон надоранд.

“Ба таври назаррас маҳдуд шудани интиқоли маблағ боз шумори зиёдтари корхонаҳои хурду миёнаро ба шуғл дар иқтисоди ғайрирасмӣ ё қатъи пурраи фаъолият водор карда метавонад”, – илова мекунанд муаллифони гузориш.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.