Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба фаъолияташ идома медиҳад

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) фаъолияташро дар соли 2021 дар Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои мавҷуда ва афзалиятҳои муҳими кишвари мизбон дар доираи ҳар се ченаки муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ асосёфтаи САҲА ба амният пеш мебарад. Тавре дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, Созишномаи кори муштараки САҲА ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи […]

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) фаъолияташро дар соли 2021 дар Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои мавҷуда ва афзалиятҳои муҳими кишвари мизбон дар доираи ҳар се ченаки муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ асосёфтаи САҲА ба амният пеш мебарад.

Тавре дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, Созишномаи кори муштараки САҲА ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Платформаи Шарикии САҲА дар шаҳри Душанбе санаи 15 октябри 2020-ум эълон карда шуд. Дар ин мулоқот мансабдорони баландпояи мақомоти давлатии Тоҷикистон ва намояндагони САҲА ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Сафир Валериу Кивер қайд кард, ки барои Дафтар гузаронидани Платформаи Шарикӣ тавассути интернет ҳолати ғайриоддӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, дар шароити ҳозираи пандемия, формати онлайн имконияти бехавфтарин ва беҳтарини баргузор намудани музокирот (муошират) бо ҳамкорон мебошад.

“Дафтари барномаҳои САҲА ҳамкорони худро дар мубориза бо мушкилоти паҳншавии COVID-19 дастгирӣ мекунад ва омода аст минбаъд низ беҳтар намудани иқтидори кории ҳамкорони маҳаллии худро дастгирӣ кунад”, – гуфтааст Сафир Кивер.

Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёля аҳамияти машваратии Платформаи Шарикиро барои идомаи ҳамкории устувор ва амалии САҲА ва Тоҷикистон қайд кард. Вай ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои гузариши босуръат ба расонидани кӯмак ва мутобиқ намудани фаъолияти он баҳри дастгирии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулл инчунин барои нақши Тоҷикистон дар дастгирии ҳамкориҳои қавӣ ва таҳкими субот дар минтақа арзи сипос намуд. Вай, аз ҷумла, ба кори Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи марзбон (BMSC) дар Душанбе баҳои баланд дод.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода қайд кард: “Бояд таъкид кард, ки чунин василаи ҳамкорӣ ва муколама байни кишвари мизбон ва Созмон бо иштироки доираи васеи коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар минтақаи САҲА таҷрибаи беназир мебошад. Ин мулоқот ба мо имкон медиҳад, ки баррасии ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои дуҷонибаро тавассути таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар се самти андозагирии Созмон анҷом диҳем.”

Платформаи Шарикӣ соли 2018 ба хотири тақвият бахшидани ҳамкориҳои Дафтари барномаҳои САҲА ва Тоҷикистон дар асоси шарикии ҳақиқӣ, моликияти маҳаллӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият таъсис дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.