Даргузашти Алӣ Бобоҷон шоири варзидаи кӯдакон

Asia-Plus

Алӣ Бобоҷон, шоири варзидаи кӯдакон ва яке аз муаллифони шеърҳои китобҳои кӯдакона дар Тоҷикистон чанде дақиқа пеш, дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони эшон ба "Asia-Plus" хабар доданд. Ба гуфтаи наздикону пайвандонаш ҳоло масъалаи маросими дафну ҷанозаи ӯ мушаххас мешавад.

Алӣ Бобоҷон 10-уми феврали соли 1936 шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, дар чандин нашрияюву нашриёт идома додааст. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. 

Алӣ Бобоҷон муаллифи сори зиёде буд, вале шўҳрати ӯро дар адабиёти тоҷик ашъори кӯдакона таъмин кардааст.  ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст.  Маҷмӯъаҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи сурур» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто-парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (12001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Пайғоми парасту» (2003), «Алифбои парандаҳо» (2004), «Меҳрпайванд» (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврӯзи наврасон» (2012) аз шумули сори манзуми ин адиби шуҳратёри адабиёти кӯдак мебошанд. 

Ҳамчунин китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) аз осори насрии Алӣ Бобоҷонанд. 

Алӣ Бобоҷон ҳамчунин осори чанде аз шоирони озариву ветномиро ба тоҷикӣ тарҷума карда, намунаҳои ашъораш ба забонҳои русию укроинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.

Гуруҳи расонаҳои "Asia-Plus" даргузашти ин шоири хушноми тоҷикро барои аҳли илму адаби кишвар таслият гуфта, ба хонаводаву наздикону пайвандонаш сабру шикебоӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.