Эмомалӣ Раҳмон ба ятимон: “Туҳфаҳои хоксоронаи ман – аломати муҳаббату ғамхорӣ нисбати шумост”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 октябр бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни ин сафар президент дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 октябр бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни ин сафар президент дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад, як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузор ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешавад.

Аз ҷараёни рӯзи аввали сафари президент ба вилояти Суғд суратгузориш таҳия намудем.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.

Нахуст сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо 150 нафар ятими кул суҳбати озоду самимӣ анҷом дода ва ба онҳо кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим кард.

“Туҳфаҳои хоксорона, ки ман ба шумо тақдим мекунам, аломати муҳаббату ғамхории сарвари давлат нисбати шумост”, – гуфт ӯ дар мулоқот бо онҳо.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар 3 ошёнаи аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон се хати нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ “Сайҳун”-ро мавриди истифода қарор дод.

Сипас дар минтақаи саноатии шимолу шарқии Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин президент дар ин шаҳр ба фаъолияти  корхонаи нави  истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”оғоз бахшид. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов бунёд гардида, дар он 40 нафар бо кор таъмин шуданд, ки аксарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ идома дорад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.