USAID: мусоидат ба фаъолияти содиркунандагони меваву сабзавоти Осиёи Марказӣ

Иттилоияи расмӣ

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Маълумотномаи муфассале дар бораи содиркунандагони мева ва сабзавот аз Осиёи Марказӣ нашр намуд, ки ҳадаф аз он фароҳам намудани иттилоот дар бораи истеҳсолкунандагон миёни харидорони потенсиалӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.

Беш аз 120 содиркунандаи маҳсулоти мева ва сабзавот аз Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар феҳристе дарҷ шудаанд, ки ҷузъиёти марбут ба маҳсулоти онҳо (аз рӯи категория), брендҳо, каналҳои фуруш ва маълумот барои тамосро дар бар мегиранд.

Дар ин роҳнамо ҳамчунин бахше ҳаст, ки тавассути он метавон дар бораи хароҷоти ҳамлу нақл ва вақти барои транзит аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳои калидии содиротӣ дар Аврупо ва Осиё огаҳӣ пайдо кард.

Осиёи Марказӣ қарнҳост, ки намудҳои васеи мева ва сабзавотро истеҳсол ва тиҷорат мекунад. Бисёре аз истеҳсолкунандагон акнун омода ҳастанд бозори худро берун аз минтақа густариш диҳанд. Ин Роҳнаморо лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва эъҷоди ҷойҳои кор ба унвони як каталоги қобили дастарсии осон барои намоиш додани истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва ширкатҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ки моил ва омодаи содироти маҳсулоти мева ва сабзавоти худ ҳастанд, таҳия намудаааст. Ин Роҳнамо барои воридкунандагон дистрибюторҳо, харидорони чаканафурушӣ ва ташкилкунандагони намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ карда шудааст.

USAID ахиран як Роҳнамоии вижаи содиротӣ барои содиркунандагони Осиёи Марказӣ таҳия кард, ки дар он иқдомоте, ки барои ворид шудан ба бозорҳои содиротӣ бояд анҷом дода шаванд, тавсиф карда шудаанд.

Дар он ҳамчунин роҳнамоӣ дар мавриди таҳқиқу омӯзиши бозор, стандартҳо, қиматгузорӣ, таблиғот, бастабандӣ ва намоишгоҳҳои тиҷорӣ барои афзоиши имконоти содироти муваффақиятомез ироя шудааст.

Ҳар ду нашрия ба содиркунандагони маҳсулоти мева ва сабзавоти Осиёи Марказӣ дар ҷиҳати афзоиши рақобат ва диверсификатсияи вобастагии онҳо ба бозорҳои суннатӣ кумак хоҳанд кард, то битавонанд самтҳои содиротии навро таҳти ҳадаф қарор диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.