“Макони рӯ ба раҳми Худо”. Наворгирии фотофилми “Аличор”

Гузориши нави видеоии лоиҳаи 180 дараҷа дар бораи ҳаёти душвори кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон нашр шуд. Саҳеҳтараш, ин аввалин фотофилмест, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии сокинони деҳаи баландкӯҳи Аличор, ки бар асари пандемияи коронавирус ба мушкили қариб ҳалнашаванда табдил ёфтааст, ҳикоят мекунад. Дар сафар ба ин макони дурдасти кӯҳистон ба таҳиягарони филм Институти “Ҷамъияти Кушода” – […]

Гузориши нави видеоии лоиҳаи 180 дараҷа дар бораи ҳаёти душвори кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон нашр шуд.

Саҳеҳтараш, ин аввалин фотофилмест, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии сокинони деҳаи баландкӯҳи Аличор, ки бар асари пандемияи коронавирус ба мушкили қариб ҳалнашаванда табдил ёфтааст, ҳикоят мекунад.

Дар сафар ба ин макони дурдасти кӯҳистон ба таҳиягарони филм Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон кумаки молиявӣ кардааст.

Муаллифи филм Маҳпора Киромова мегӯяд, онҳо ин дафъа дар ҷараёни сафар ба Помир ду филм таҳия карда, яке дар бораи Аличор ва дигарӣ дар бораи Булункӯл аст, ки ба наздикӣ нашр хоҳад шуд.

“Маълум шуд, ки дар кишвари мо ҷойҳое ҳастанд, ки ягон осори тамаддун вуҷуд надораду одамон бо як душворие рӯзгорашонро пеш мебаранд. Ин ҷо дар пойтахт мо иди ҳар гуна сабзавоту меваҳоро ҷашн гирифта, ҳатто дар Хуҷанд озмуни ошхӯрӣ баргузор карданд. Оқибатҳои иқтисодии пандемия ҳоло дар пеш аст. Мо ба зиндагӣ ҷиддӣ назар надорем”, – мегӯяд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.