Ёвониҳо дар Бохтар 1 тонна оши палав пухтанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар рӯзи 17 октябр ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии тантанавӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шолӣ, биринҷ ва озмуни “Оши палов” баргузор гардид.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳаш аз ин чорабинӣ боздид намуда, ба ғолибони озмуни “Сабзирезакуни беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва “Ошхӯри беҳтарин” ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.

Ошпазҳо аз ноҳияи Ёвон 1 тонна оши палав пухта, дар номинатсияи “Оши палави беҳтарин” ғолиб дониста шуданд.

Гуфта мешавад, соли равон кишоварзони вилояти Хатлон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ бо истифода аз тухмиҳои серҳосил истеҳсоли ғалладонаро беш аз 824 ҳазор тонна, сабзавотро – 1 млн 235 ҳазор тонна, полезиҳоро – зиёда аз 531 ҳазор тонна, меваҷот ва ангурро – қариб 262 ҳазор тонна таъмин намуданд, ки суръати афзоиши маҳсулоти кишовразӣ то 106,6-ро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.