Ёвониҳо дар Бохтар 1 тонна оши палав пухтанд

Дар шаҳри Бохтар рӯзи 17 октябр ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии тантанавӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шолӣ, биринҷ ва озмуни “Оши палов” баргузор гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳаш аз ин чорабинӣ боздид намуда, ба ғолибони озмуни “Сабзирезакуни беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва “Ошхӯри […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар шаҳри Бохтар рӯзи 17 октябр ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии тантанавӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шолӣ, биринҷ ва озмуни “Оши палов” баргузор гардид.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, раиси вилояти Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳаш аз ин чорабинӣ боздид намуда, ба ғолибони озмуни “Сабзирезакуни беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва “Ошхӯри беҳтарин” ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.

Ошпазҳо аз ноҳияи Ёвон 1 тонна оши палав пухта, дар номинатсияи “Оши палави беҳтарин” ғолиб дониста шуданд.

Гуфта мешавад, соли равон кишоварзони вилояти Хатлон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ бо истифода аз тухмиҳои серҳосил истеҳсоли ғалладонаро беш аз 824 ҳазор тонна, сабзавотро – 1 млн 235 ҳазор тонна, полезиҳоро – зиёда аз 531 ҳазор тонна, меваҷот ва ангурро – қариб 262 ҳазор тонна таъмин намуданд, ки суръати афзоиши маҳсулоти кишовразӣ то 106,6-ро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.